Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, № 246 "Дар бораи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳӣ" ва бо мақсади ҳавасмандгардонии дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барои дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ 6 Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ, ҳар кадом ба андозаи 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ таъсис дода шавад.

2. Низомнома ва ҳайати комиссияи Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои пардохти маблағҳои Ҷоизаи мазкур ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои заруриро ҷудо намояд.

4. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 июни соли 2023, № 246