Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 193 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369

 

Мутобиқи моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 46) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"46) Иншооти 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе.".

2. Номгӯйи молҳои барои "Иншооти 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати истифодабарии мақсадноки молҳои воридшавандаро таъмин намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2023, № 193

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года,№369

В соответствии со статьей 251 Налогового кодекса Республики Таджикистан, статьей 345 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369 "Об особо важных объектах" дополнить подпунктом 46) следующего содержания:

"46) Объект 10 резиденций по приёму высокопоставленных гостей, расположенной по проспекту Рудаки города Душанбе.".

2. Утвердить Перечень товаров, ввозимых в Республику Таджикистан для "Объекта 10 резиденций по приёму высокопоставленных гостей, расположенной по проспекту Рудаки города Душанбе", освобождаемых от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенной пошлины (прилагается).

3. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить таможенное оформление и контроль целевого использования ввозимых товаров.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 29 апреля 2023 года №193