Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 сентябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1186
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 сентябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1186
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст
190.010.000
Мутобиқи қисми 5 моддаи 288 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва банди 10 Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиб ва меъёрҳои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози аксизе, ки барои спирти этилӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсади тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фарматсевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дорухонаҳо ва корхонаҳои фарматсевтӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намоянд.
...