ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Намуна ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти aндози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 164 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:
1. Намуна ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти aндози Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳангоми таҳияи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатри алоҳида ҳаҷми маблағҳои бо либоси махсуси расмӣ таъмин намудани кормандони мақомоти андозро аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси худ муайян карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.
3. Тартиби пӯшидани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999, №37 "Дар бораи тасдиқи либоси расмӣ, аломатҳои фарқкунанда ва меъёрҳои таъминоти кормандони мақомоти андоз бо амволи шайъӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 2 марти соли 2023, № 77
ш. Душанбе,
...