Намуна ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти aндози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, № 77

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 77

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2023, № 77

тасдиқ шудааст

Намуна ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти aндози Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Намуна ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти aндоз (минбаъд - Намуна) номгӯйи либоси махсуси расмӣ, тасвир, меъёрҳо, муҳлати истифодаи он ва нишонаҳои фарқкунандаи либоси махсуси расмии кормандони мақомоти aндозро муайян менамояд.

2. Либоси махсуси расмӣ ва нишонаҳои фарқунандаи дигари кормандони мақомоти андоз, ки тасвири онҳо (замима мегардад) тибқи Намунаи мазкур муайян шудааст, ба ҳамаи кормандони мақомоти андоз (хизматчиёни давлатӣ) ройгон дода мешавад.

3. Номгӯйи либоси махсуси расмӣ, тасвир, меъёрҳо ва муҳлати истифодаи онҳо ба таври зайл муқаррар карда мешавад:

- фурашка аз матои омехтаи кабуди сабз (сафед) бо гирдаи бахмалини кабуд, ҳошияи кабуд аз болои гирда, бо банди дутораи зарринтоби бофташуда дар гирда, бо ду тугмаи зарринтоб маҳкамкардашуда, дорои лапари сиёҳи лок додашуда ва нишонаи зарринтоби дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвирёфта (ба занҳо ба ҷойи фурашка берет дода мешавад) - 1 дона ба муҳлати 2 сол;

- телпаки зимистона аз қароқӯлии сиёҳи дорои лапари сиёҳи лок додашуда, бо банди кабуди сабз бофташуда дар гирда, бо ду тугмаи зарринтоб маҳкамкардашуда ва бо нишонаи зарринтоби дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвирёфта (ба занҳо ба ҷойи телпаки зимистона берети зимистона дода мешавад) - 1 дона ба муҳлати 4 сол;

- пиҷак аз матои омехтаи кабуди сабз (сафед), погондор ва бо се тугмаи зарринтоб (барои кормандони дорои рутбаҳои тахассусии Мушовири ҳақиқии давлатии мақомоти андоз, Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаҳои 1, 2, 3 ва Сармушовири мақомоти андози дараҷаҳои 1, 2, 3 шаш тугмаи дуқатора)-и дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвирёфта, атрофи гиребон ва сари остинаш ҳошияи кабуддор, рамзи мақомоти андоз дар гиребон (хӯшаи гандум дар гиребони пиҷаки ҳайати роҳбарикунандаи олӣ) насбгардида, дорои ду киссаи паҳлӯгии аз дарун дӯхташудаи сарпӯшдор ва як кисаи сарисинагии бе сарпӯш аз тарафи чап, дар қисмати пушти он як дарз дорад ва нишонаи латтагини гирдрӯя бо навиштаҷоти "мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар остини тарафи чапи он насб карда шудааст - 1 дона ба муҳлати 2 сол;

- шим (юбка) аз матои омехтаи кабуди сабз (сафед), дарозии он дорои ҳошияи кабуддор (барои кормандони дорои рутбаҳои тахассусии Мушовири ҳақиқии давлатии мақомоти андоз, Мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаҳои 1, 2, 3 паҳноии он ба андозаи 5 см), дар қисмҳои пеши он ду кисаи паҳлуӣ, дар қафои рост як кисаи бо тугма маҳкамгардида ва сарпочааш бемағзӣ - 1 дона ба муҳлати то 2 сол;

- нимтана аз матои омехтаи кабуди сабз бо шим (юбка), погондор, бо занҷира маҳкамшаванда, дорои ду кисаи паҳлӯгии аз дарун дӯхташуда ва ду кисаи сарисинагии сарпӯшдори бо тугма маҳкамшаванда ва нишонаҳои латтагини росткунҷаи дарозрӯя дар тарафи рости пеши он ва гирдрӯя бо навиштаҷоти "мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар остини тарафи чапи он - 1 дона ба муҳлати 2 сол;

- курткаи мавсимӣ аз матои шоҳии рангаш кабуди сабз, погондор, бо занҷира ва тугмаҳо маҳкамшаванда, нишонаҳои латтагини росткунҷаи дарозрӯя дар тарафи рости пеши он ва гирдрӯя бо навиштаҷоти "мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар остини тарафи чапи он - 1 дона ба муҳлати 3 сол;

...

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 марта 2023 года, №77

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 марта 2023 года, №77

Образцы и нормы выдачи специальной форменной одежды сотрудников налоговых органов Республики Таджикистан

1. Образцы и нормы выдачи специальной форменной одежды сотрудников налоговых органов (далее - Образцы) определяют перечень специальной служебной формы одежды, ее описание, нормы, срок ее использования и отличительные знаки специальной служебной одежды сотрудников налоговых органов.

2. Специальная форменная одежда и другие отличительные знаки сотрудников налоговых органов, описание которых (прилагается) определяется в соответствии с настоящими Образцами, предоставляется всем сотрудникам налоговых органов (государственным служащим) бесплатно.

3. Перечень специальной форменной одежды, ее описание, нормы и срок ее использования устанавливаются в следующем порядке:

- фуражка из смесовой сине-зелёной (белой) ткани с синим бархатным околышем с синей окантовкой по нему, двойным плетёным золотистым шнуром по околышу, пристёгнутым двумя золотистыми пуговицами, с чёрным лакированным козырьком и золотистой кокардой с изображением Государственного герба Республики Таджикистан (женщинам вместо фуражки выдаётся берет) - 1 штука сроком на 2 года;

- зимняя шапка из чёрного каракуля с чёрным лакированным козырьком, с плетеным сине-зелёным шнуром по околышу, пристёгнутым двумя золотистыми пуговицами и с золотистой кокардой с изображением Государственного герба Республики Таджикистан (женщинам вместо зимней шапки выдаётся зимний берет) - 1 штука сроком на 4 года;

- пиджак из смесовой сине-зелёной (белой) ткани, с погонами, с тремя золотистыми пуговицами (для сотрудников, имеющих квалификационные чины Действительный государственный советник налоговых органов, Государственный советник налоговых органов 1, 2, 3 класса и Главный советник налоговых органов 1, 2, 3 класса, шестью двухрядными пуговицами) с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, синяя окантовка вокруг воротника и обшлагов рукавов, на воротнике закреплен символ налоговых органов (колосья пшеницы на воротнике пиджака высшего руководящего состава), имеет два боковых прорезных зашитых изнутри кармана и один верхний нагрудный карман с левой стороны, имеется разрез на задней части пиджака, на левом рукаве пришита нашивка округлой формы с надписью "налоговые органы Республики Таджикистан" - 1 штука сроком на 2 года;

- брюки (юбка) из смесовой сине-зелёной (белой) ткани, по всей длине проложена кайма синего цвета (для сотрудников, имеющих квалификационные чины Действительный государственный советник налоговых органов и Государственный советник налоговых органов 1, 2, 3 класса шириной 5 см), два боковых кармана в передней части, сзади справа один прорезной карман, застегивающийся на пуговицу, брюки навыпуск без манжет - 1 штука сроком на 2 года;

- жилет из смесовой сине-зелёной (белой) ткани с брюками (юбкой), с погонами, застегивающийся на молнию, имеет два боковых прорезных зашитых изнутри кармана и два нагрудных кармана, застегивающиеся на пуговицу, на правой стороне переднего нагрудного кармана пришита нашивка прямоугольной формы, а на левом рукаве округлой формы с надписью "налоговые органы Республики Таджикистан" - 1 штука сроком на 3 года;

- куртка сезонная из шёлковой смесовой сине-зелёной ткани с погонами, застегивающаяся на молнию и пуговицы, на правой стороне переднего нагрудного кармана пришита нашивка прямоугольной формы, а на левом рукаве округлой формы с надписью "налоговые органы Республики Таджикистан" - 1 штука сроком на 3 года;

...