Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1991, № 387 "Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.10.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Регистри корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463, аз 31.10.2008 № 541)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463, аз 31.10.2008 № 541)

Бо мақсади танзими механизми назорати омори фаяъолияти корхонаю ташкилотҳо Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки Регистри ҷумҳурии корхонаю ташкилотҳоро (минбаъд Регистри корхонаҳо) таъсис диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

Низомномаи Регистри корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро (замима мегардад) тасдиқ кунад.

Дорандаи Регистри омори корхонаҳо маркази эҳсоияи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

2. Роҳбарони корхонаю ташкилотҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда то 15 январи с.1992, корхонаю ташкилотҳо ва дигар воҳидҳои сохтории берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ филиалҳо дошта бошанд, то 1 феврали с.1992 ӯҳдадор карда шаванд, то маълумоти заруриеро, ки мақомоти омори маҳаллии аз тарафи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ё шаҳрӣ таъингардида барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо медиҳанд, пешниҳод кунанд.

Пешниҳод кардани маълумотҳое, ки барои дохил намудан ба Регистри корхонаҳо заруранд, барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии корхонаю ташкилотҳои амалкунанда, инчунин воҳидҳои сохтории онҳо ва ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ асос шуда наметавонанд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назоратро аз болои сари вақт пешниҳод гардидани маълумот дар бораи корхонаю ташкилотҳои таъсисдодашаванда ё амалкунанда воҳидҳои сохтории онҳо), инчунин додани онҳо ба дорандаи Регистри корхонаҳое, ки ба Регистри корхонаҳо дохил карда мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи низомномаи мазкур ба роҳ монда, дар мавриди зарурат ҷорӣ кардани мансабҳои дахлдори штатӣ ва маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти нигоҳдории онҳоро пешбинӣ кунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 31.10.2008 № 541).

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои бопултаъминкунии хароҷоти таъсису нигоҳдории Регистри корхонаҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463).

5. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.06.1997 № 273, аз 05.10.2001 № 463):

а) роҳбарии методӣ ва ташкилиро дар бобати таъсис ва бурдани Регистри корхонаҳо таъмин кунад;

...

КАБИНЕТ МИНИСТРОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О СОЗДАНИИ РЕГИСТРА ПРЕДПРИЯТИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 6.07.1993г. №323,
    от 5.06.1997г. №273, от 5.10.2001г.№463, от 4.02.2002г. №43,
                         от 31.10.2008г.№541)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 6.07.1993г. №323,
    от 5.06.1997г. №273, от 5.10.2001г.№463, от 4.02.2002г. №43,
                         от 31.10.2008г.№541)

В целях упорядочения механизма статистического наблюдения деятельности предприятий и организаций Кабинета Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Поручить Государственному комитету статистики Республики Таджикистан создать республиканский Регистр предприятий и организаций (в дальнейшем - Регистр предприятий).

Утвердить Положение о Регистре предприятий, учреждений и организаций Республики Таджикистан (прилагается).

Держателем Регистра предприятий определить вычислительный центр Государственного комитета статистики Республики Таджикистан (в редакции Постановления Правительства РТ №273от 5.06.97г, в редакции Постановления Правительства РТ №463,от 5.10.01г.)

2. Обязать руководителей предприятий и организаций, действующих в Республике Таджикистан, до 15 января 1992г., а организациям и предприятиям, имеющим филиалы и другие структурные подразделения за пределами территории республики, не позднее 1 февраля 1992г. представить необходимые данные для внесения в Регистр предприятий местному статистическому органу, назначенному районным или городским исполкомом.

Представление данных, необходимых для внесения в Регистр предприятий, не является основанием для регистрации и перерегистрации единиц и выдачи им регистрационного свидетельства.

3. Местным исполнительным органам государственной власти обеспечить контроль за своевременным представлением данных, вносимых в Регистр предприятий, об учреждаемых (создаваемых) или действующих предприятиях и организациях (их структурных подразделений), а также передачу их держателю Регистра предприятий в соответствии с установленным настоящим постановлением порядком, предусмотрев при необходимости введение соответствующих штатных должностей и финансирование расходов на их содержание (в редакции Постановления Правительства РТ №273 ,от 5.06.97г., от 31.10.2008г.№541)

4. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно предусматривать в бюджете Государственного комитета статистики Республики Таджикистан финансирование расходов на создание и содержание Регистра предприятий за счет средств государственного бюджета Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ №273,от 5.06.97г. в редакции Постановления Правительства РТ №463,от 5.10.01г.)

5. Государственному комитету статистики Республики Таджикистан: (в редакции Постановления Правительства РТ №273,от 5.06.97г., в редакции Постановления Правительства РТ №463 от 5.10.01г.)

а) обеспечить методическое и организационное руководство работой по созданию и ведению Регистра предприятий;

...