ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №484
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Номгӯйи молу масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти техникии барои сохтмони иншооти "Майдони Истиқлол" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, № 484 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369" тасдиқ шудааст, сатрҳои 1090-2003 тибқи замима илова карда шаванд.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани расмиёти гумрукӣ ва назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшавандаро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 октябри соли 2022, № 519
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2022, № 519
Номгӯйи молу масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти техникии барои сохтмони иншооти "Майдони Истиқлол" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд
Ниг. ба Замима
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 августи 2020, №484
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Дополнить Перечень товаров, строительных материалов и технического оборудования, ввозимых в Республику Таджикистан для строительства сооружения "Майдони Истиклол", освобождаемых от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенной пошлины, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 августи 2020 года, №484 "О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369", строками 1090-2003 согласно приложению.
2. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить проведение таможенного оформления и контроль целевого использования ввозимых оборудований, техники и строительных материалов.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 25 октября 2022 года №519