Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, № 533 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои cоҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои cоҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, сарпарастон ва ҷалби грантҳо ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти иҷрои онҳо ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 октябри соли 2022, № 533

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Ҳайат ва Низомномаи Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 ноябри соли 2023, № 533

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2023, №533

Ҳайати Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) - раиси Комиссия

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия

Аъзои Комиссия:

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)

Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)

Раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)

Раиси Ассотсиатсияи брокерони Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа)

Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия