Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2022, № 513
Низомномаи Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) мақоми машваратию маслиҳатӣ буда, фаъолияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи таъмини амнияти химиявии шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат ҳамоҳанг месозад.
2. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи экспертизаи экологӣ", "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо", "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон дар бахши муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КОМИССИЯ
3. Вазифаҳои асосии Комиссия инҳоянд:
- такмили системаи давлатии амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ;
- ташкили ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, ки ба таъмини амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, сиёсати саноатӣ ва рушди илми бунёдӣ ва амалӣ, техника ва технология дар соҳаи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар натиҷаи таъсиррасонии моддаҳои хатарноки химиявӣ, ҳамчунин бо мақсади мунтазам паст кардани сатҳи таъсири номатлуб ба аҳолӣ, биосфера ва объектҳои соҳаҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмили тадбирҳои назорат аз тарафи мақомоти салоҳиятдор дар бахши муносибат бо моддаҳои химиявӣ, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти химиявӣ;
- ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз рӯйи масъалаҳои муомилоти моддаҳои химиявӣ;
- муайян намудани Номгӯйи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои химиявии истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он.
3. ҲУҚУҚҲО ВА УҲДАДОРИҲОИ КОМИССИЯ
4. Комиссия ҳуқуқ дорад:
- дар ҷаласаҳои худ ҳисоботи намояндагони вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Комиссия шомиланд, шунавад;
- бо тартиби муқарраршуда аз вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маводи зарурӣ ва иттилоотро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Комиссия дахлдоранд, дархост намояд;
- бо тартиби муқарраршуда ба кори Комиссия намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин роҳбарон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ, таълимӣ, тиббӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятиро ҷалб намояд;
- барои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи дар натиҷаи таъсири хатарноки моддаҳои химиявӣ ситодҳои фавқулода ташкил намояд;
- оид ба масъалаҳои вобаста ба муомилот бо моддаҳои химиявӣ дар асоси хулосаҳои мақомоти давлатии дахлдор қарор қабул намояд.
5. Комиссия дорои уҳдадориҳои зерин аст:
- самтҳои афзалиятноки корро дар соҳаи таъмини бехатарии химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- пешниҳоди вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи амнияти химиявӣ баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул менамояд;
- дар рафти таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ иштирок менамояд;
- масъалаҳоро вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ баррасӣ намуда, пешниҳодҳо манзур менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи амнияти химиявӣ таъмин менамояд.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ
6. Ҷаласаҳои Комиссия дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд. Дар мавриди зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронида мешаванд. Қарорҳои Комиссия дар ҳолати ба тарафдории онҳо овоз додани аз нисф зиёди аъзои дар ҷаласаи комиссия иштирокдоштаи он қабул карда мешаванд.
7. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, иттилоотию таҳлилии Комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад, ки ба он котиби Комиссия роҳбарӣ мекунад.
8. Таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2022, №513
Ҳайати Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа - раиси Комиссия;
раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;
сардори раёсати экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия.
Аъзои Комиссия:
муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
сартабиби санитарии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
муовини директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.