ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026
№ 306)
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 3 марти соли 2003, № 92 "Дар бораи таъсиси Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июли соли 2003, № 299 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 октябри соли 2022, № 513
...