Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, № 363 "Дар бораи Номгӯйи маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯйи маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд

Мутобиқи моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯйи маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон тибқи Номгӯйи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошавандаи буҷети давлатӣ барои муассисаҳои низоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, №295 "Дар бораи Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 июли соли 2022, № 363