Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2013, № 295 "Дар бораи Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад"

Санаи амалкуни: 25.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 363 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.07.2014 № 482)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.07.2014 № 482)

Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад, тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).

2. Муқаррар карда шавад, ки маҳсулот ва воситаҳои махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон тибқи Номгӯи тасдиқшуда ҳар сол дар доираи маблағҳои ҷудошудаи буҷетӣ барои муассисаҳои системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.

3. Қарори мазкур аз 1 апрели соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шавад:

- аз 3 октябри соли 2006, № 463 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд";

- аз 1 июли соли 2010, № 346 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, №463";

- аз 1 марти соли 2012, № 112 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, №463".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

...

Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 29.07.2022 №363

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

(в редакции постановления Правительства РТ от 25.07.2014г.№482)

(в редакции постановления Правительства РТ от 25.07.2014г.№482)

О Перечне специализированных технических средств реабилитации и продукции индивидуального пользования для инвалидов, поставки и импорт которых освобождены от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин

В соответствии со статьей 169 Налогового кодекса Республики Таджикистан и статьей 345 Таможенного кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Перечень специализированных технических средств реабилитации и продукции индивидуального пользования для инвалидов, поставка и импорт которых освобождены от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенных пошлин (приложение 1 и 2).

2. Установить, что специализированная продукция и средства индивидуального пользования для инвалидов согласно утвержденному Перечню поставляется ежегодно в пределах выделяемых бюджетных средств для учреждений системы Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 25.07.2014г.№482).

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 апреля 2013 года.

4. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- от 3 октября 2006 года, №463 "Об утверждении Перечня специализированной продукции индивидуального пользования для инвалидов, поставка и импорт которых освобождены от уплаты налога на добавленную стоимость";

- от 1 июля 2010 года, №346 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 октября 2006 года, № 463";

- от 1 марта 2012 года, №112 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 октября 2006 года №463".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

...