Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2022, №384 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179 "Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1) аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ ва калимаи "Фармони" ба калимаи "фармони" иваз карда шавад;

2) дар банди 2 рақамҳои "44" ва "25" мувофиқан ба рақамҳои "52" ва "33" иваз карда шаванд;

3) дар банди 3 калимаи "Директор" ба калимаи "директор" иваз карда шавад;

4) дар банди 4 калимаҳои "сохторҳои зертобеи он дар маҳал" ба калимаҳои "сохторҳои маҳаллии он" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014, №179 "Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) бандҳои 1, 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"1. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро амалӣ месозад.

2. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.

4. Самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо иборат аст.";

...

У К А 3 ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179 "Об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан" следующие изменения:

1) в преамбуле слово "Указа" заменить словом "указа";

2) в пункте 2 цифры "44" и "25" соответственно заменить цифрами "52" и "33";

3) в пункте 3 слово "Директора" заменить словом "директора";

4) в пункте 4 слова "его подведомственных структур на местах" заменить словами "его местных структур".

2. Внести в Положение об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 15 марта 2014 года, №179 "Об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

1) пункты 1, 2, 3 и 4 изложить в следующей редакции:

"1. Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство), являясь центральным исполнительным органом государственной власти Республики Таджикистан, подчиняется и подотчетно Президенту Республики Таджикистан и в рамках своих полномочий осуществляет единую государственную политику и нормативно-правовое регулирование сферы государственной службы.

2. Агентство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.

3. Агентство в рамках своих полномочий сотрудничает с центральными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления поселков и дехотов и организациями.

4. Основными направлениями деятельности Агентства являются реализация единой государственной политики сферы государственной службы, нормативно-правовое регулирование сферы, организация, обеспечение и контроль выполнения законодательства сферы государственной службы и прохождения государственной службы,

организация курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих, содействие в осуществлении их гарантий и поощрений.";

...