Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2014 № 179

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2014 № 179

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2014 № 179

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384)

(фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро амалӣ месозад (фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384).

2. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.

4. Самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо иборат аст (фармони Президенти ҶТ аз 13.05.2022 №384).

2. Ваколатҳо, вазифа ва функсияҳои асосии Агентӣ

...

Приложение 1

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 15 марта 2014 года, № 179

Приложение 1

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

от 15 марта 2014 года, № 179

Положение об Агентстве государственной службы при Президенте Республики Таджикистан

(в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384)

(в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384)

1. Общие положения

1. Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство), являясь центральным исполнительным органом государственной власти Республики Таджикистан, подчиняется и подотчетно Президенту Республики Таджикистан и в рамках своих полномочий осуществляет единую государственную политику и нормативно-правовое регулирование сферы государственной службы (в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384).

2. Агентство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, конституционных законов и законов Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.

3. Агентство в рамках своих полномочий сотрудничает с центральными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, органами самоуправления поселков и дехотов и организациями.

4. Основными направлениями деятельности Агентства являются реализация единой государственной политики сферы государственной службы, нормативно-правовое регулирование сферы, организация, обеспечение и контроль выполнения законодательства сферы государственной службы и прохождения государственной службы,

организация курсов переподготовки, повышения квалификации и стажировки государственных служащих, содействие в осуществлении их гарантий и поощрений (в редакции Указа Президента РТ от 13.05.2022 №384).

...