ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 декабри соли 2021, № 590
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 декабри соли 2021, № 590
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022, № 254
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2022, № 254
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ" аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 696; с. 2015, №7-9, мод. 703) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима калимаи "танзим" ба калимаи "муайян" иваз карда шавад.
2. Дар сархатҳои якум, панҷум, шашум ва даҳуми моддаи 2, сархати чоруми моддаи 5, қисми 3 моддаи 6, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 7, қисми 2 моддаи 15, қисми 1 моддаи 20, қисми 1 моддаи 31, қисми 1 моддаи 33, қисми 2 моддаи 50, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 52 ва қисми 3 моддаи 53 калимаҳои "қаламрав", "қаламрави" ва "қаламраве" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуд", "ҳудуди" ва "ҳудуде" иваз карда шаванд.
...