ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №7, мод.696)
(Қонуни ҶТ аз 8.08.2015 № 1215, аз 18.03.2022 № 1870, аз 01.10.2025, № 2200)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти савдои хориҷӣ, принсипҳои асосии фаъолияти савдои хориҷӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти савдои хориҷиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти савдои хориҷӣ ва ҳамгироии самараноки он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст № 2200
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ, инчунин ба муносибатҳое, ки бевосита бо чунин фаъолият алоқаманданд, татбиқ мегардад.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур, ки ба хизматрасониҳои савдои хориҷии танзими давлатӣ дахл доранд, ба хизматҳои ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидашаванда татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти савдои хориҷӣ - ҳама намуди фаъолияти марбут ба интиқоли мол, дигар молу мулки моддӣ, ҳуқуқҳо ё хизматрасонӣ, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ё дар ҳудуди берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ;
- субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ки мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур бо фаъолияти савдои хориҷӣ машғуланд;
- шахс - ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии эътирофнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
...