Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 "Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ"

Санаи амалкуни: 28.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода мешавад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190)

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад ва Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190).

2. Муқаррар карда шавад, ки будубоши минбаъдаи шаҳрвандони хориҷии дар банди 1 қарори мазкур пешбинишуда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида давлатҳои хориҷии дахлдорро дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани низоми бераводиди яктарафа огоҳ намояд.

5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода мешавад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ

 

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нисбат ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки номгӯйи онҳо ба қарори мазкур замима мегардад, низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки будубоши минбаъдаи шаҳрвандони хориҷии дар банди 1 қарори мазкур пешбинишуда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида давлатҳои хориҷии дахлдорро дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани низоми бераводиди яктарафа огоҳ намояд.

5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 октябри соли 2021, 464

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 октябри соли 2021, №464

Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад

1. Австралия

2. Амороти Муттаҳидаи Араб

3. Гертсогии Бузурги Люксембург

4. Давлати Бруней-Доруссалом

5. Давлати Кувайт

6. Давлати Қатар

7. Зеландияи Нав

8. Иёлоти Муттаҳидаи Америка

9. Исландия

10. Канада

11. Конфедератсияи Швейтсария

12. Малайзия

13. Маҷористон

14. Ҷумҳурии Австрия

15. Ҷумҳурии Аргентина

16. Ҷумҳурии Федеративии Германия

17. Ҷумҳурии Доминикан

18. Ҷумҳурии Индонезия

19. Ҷумҳурии Италия

20. Ҷумҳурии Корея

21. Ҷумҳурии Куба

22. Ҷумҳурии Латвия

23. Ҷумҳурии Литва

24. Ҷумҳурии Малдив

25. Ҷумҳурии Полша

26. Ҷумҳурии Португалия

27. Ҷумҳурии Сингапур

28. Ҷумҳурии Туркия

29. Ҷумҳурии Филиппин

30. Ҷумҳурии Финляндия

31. Ҷумҳурии Франсия

32. Ҷумҳурии Хорватия

33. Ҷумҳурии Чехия

34. Ҷумҳурии Чили

35. Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри Ланка

36. Ҷумҳурии Эквадор

37. Ҷумҳурии Эстония

38. Ҷумҳурии Юнон

39. Шоҳзодагии Лихтенштейн

40. Шоҳзодагии Монако

41. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

42. Шоҳигарии Баҳрайн

43. Шоҳигарии Белгия

44. Шоҳигарии Дания

45. Шоҳигарии Испания

46. Шоҳигарии Нидерландия

47. Шоҳигарии Норвегия

48. Шоҳигарии Тайланд

49. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

50. Шоҳигарии Шветсия

51. Ямайка

52. Япония