Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 190 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 464"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 464

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 464 "Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад ва Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).".

2. Дар замима калимаи "Замима" ба калима ва рақами "Замимаи 1" иваз карда шуда, бандҳои 53-77 ва эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"53. Амирнишинии Андорра

54. Баҳамас

55. Босния ва Гертсеговина

56. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

57. Ҷумҳурии Булғористон

58. Ҷумҳурии Коста Рика

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 октября 2021 года, №464

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 октября 2021 года, №464 "О введении одностороннего безвизового режима в отношении некоторых иностранных государств" следующие изменения и дополнения:

1. Пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Утвердить Перечень иностранных государств, в отношении граждан которых вводится односторонний безвизовый режим въезда в Республику Таджикистан, пребывания и выезда из Республики Таджикистан сроком на 30 дней и Перечень иностранных государств, в отношении граждан старше 55 лет, которых вводится односторонний безвизовый режим въезда в Республику Таджикистан, пребывания и выезда из Республики Таджикистан сроком на 14 дней (приложения 1 и 2).".

2. В приложении слово "Приложение" заменить словом и цифрой "Приложение 1", дополнить пунктами 53-77 и примечанием следующего содержания:

"53. Княжество Андорра

 54. Багамы

 55. Босния и Герцеговина

 56. Федеративная Республика Бразилия

 57. Республика Болгария

 58. Республика Коста-Рика

 59. Республика Кипр

...