Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 "Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ"

Санаи амалкуни: 28.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода мешавад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190)

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад ва Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда мешавад, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190).

2. Муқаррар карда шавад, ки будубоши минбаъдаи шаҳрвандони хориҷии дар банди 1 қарори мазкур пешбинишуда тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида давлатҳои хориҷии дахлдорро дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани низоми бераводиди яктарафа огоҳ намояд.

5. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

ш. Душанбе,

аз 26 октябри соли 2021, 464

Замима 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 октябри соли 2021, №464

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190)

Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда мешавад

1. Австралия

2. Амороти Муттаҳидаи Араб

3. Гертсогии Бузурги Люксембург

4. Давлати Бруней-Доруссалом

5. Давлати Кувайт

6. Давлати Қатар

7. Зеландияи Нав

8. Иёлоти Муттаҳидаи Америка

9. Исландия

10. Канада

11. Конфедератсияи Швейтсария

12. Малайзия

13. Маҷористон

14. Ҷумҳурии Австрия

15. Ҷумҳурии Аргентина

16. Ҷумҳурии Федеративии Германия

17. Ҷумҳурии Доминикан

18. Ҷумҳурии Индонезия

19. Ҷумҳурии Италия

20. Ҷумҳурии Корея

21. Ҷумҳурии Куба

22. Ҷумҳурии Латвия

23. Ҷумҳурии Литва

24. Ҷумҳурии Малдив

25. Ҷумҳурии Полша

26. Ҷумҳурии Португалия

27. Ҷумҳурии Сингапур

28. Ҷумҳурии Туркия

29. Ҷумҳурии Филиппин

30. Ҷумҳурии Финляндия

31. Ҷумҳурии Франсия

32. Ҷумҳурии Хорватия

33. Ҷумҳурии Чехия

34. Ҷумҳурии Чили

35. Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри Ланка

36. Ҷумҳурии Эквадор

37. Ҷумҳурии Эстония

38. Ҷумҳурии Юнон

39. Шоҳзодагии Лихтенштейн

40. Шоҳзодагии Монако

41. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

42. Шоҳигарии Баҳрайн

43. Шоҳигарии Белгия

44. Шоҳигарии Дания

45. Шоҳигарии Испания

46. Шоҳигарии Нидерландия

47. Шоҳигарии Норвегия

48. Шоҳигарии Тайланд

49. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

50. Шоҳигарии Шветсия

51. Ямайка

52. Япония

53. Амирнишинии Андорра (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190)

54. Баҳамас

55. Босния ва Гертсеговина

56. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

57. Ҷумҳурии Булғористон

58. Ҷумҳурии Коста Рика

59. Ҷумҳурии Кипр

60. Ирландия

61. Ҷумҳурии Малта

62. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал

63. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика

64. Муғулистон

65. Черногория

66. Салтанати Умон

67. Руминия

68. Федератсияи Сент-Китс ва Невис

69. Сент-Люсия

70. Ҷумҳурии Сан-Марино

71. Ҷумҳурии Сербия

72. Ҷумҳурии Словакия

73. Ҷумҳурии Словения

74. Ҷазираҳои Сулаймон

75. Сент-Винсент ва Гренадинӣ

76. Вотикон

77. Давлати Фаластин (нисбати шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус).

Эзоҳ: Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад низоми бераводиди яктарафаро нисбат ба баъзе кишварҳои хориҷӣ муваққатан боздошт намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 190).

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 190

Номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда мешавад

1. Ҷумҳурии Албания

2. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир

3. Барбадос

4. Ҷумҳурии Вануату

5. Ҷумҳурии Мардумии Чин

6. Иттиҳоди Доминика

7. Ҷумҳурии Фиҷӣ

8. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос

9. Ҷумҳурии Лубнон

10. Ҷумҳурии Мадагаскар

11. Подшоҳии Марокаш

12. Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ

13. Ҷумҳурии Никарагуа

14. Ҷумҳурии Панама

15. Ҷумҳурии Тунис

16. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам