Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 423 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №450"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №450

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Номгӯйи молу масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти техникии барои сохтмони маҷмааи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №450 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №369" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар сатри 154 рақами "7007" ва калимаҳои "Шишаҳои витражии "Сукурит" мувофиқан ба рақами "7005" ва калимаҳои "Шишаи бо гармӣ сайқалдодашуда ва шишаи сатҳаш суфтакардашуда ё сайқалдодашуда дар варақаи дорои қабати дарункашандаи инъикоскунанда ё инъикоснакунанда, вале бо ягон тарзи дигар коркарднашуда" иваз карда шаванд;

- сатрҳои 199 - 201 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

* таблитса

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 сентябри соли 2021, № 423

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2019, №450

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Перечень товаров, строительных материалов и технического оборудования, ввозимых в Республику Таджикистан для строительства комплекса административных зданий Службы связи, освобождаемых от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенной пошлины, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2019 года, №450 "О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369", следующие изменение и дополнения:

- в строке 154 цифру "7007" и слова "Витражное коленное стекло" соответственно заменить цифрой "7005" и словами "Стекло термически полированное и стекло со шлифованной или полированной поверхностью в листах, имеющих поглощающий отражающий или неотражающий слой, но не обработанное иным способом";

- дополнить строками 199-201 следующего содержания:

*Таблица

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 сентября 2021 года, №423