Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, №124
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сатри 29 ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, №124 "Дар бораи тасдиқи ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Вазири рушди иқтисод ва савдо" ба калимаҳои "Вазири саноат ва технологияҳои нав" иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷониби Туркияро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2021, № 421
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2014 года, №124
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. В строке 29 состава сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами зарубежья по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2014 года, №124, "Об утверждении состава сопредседателей таджикской части межправительственных комиссий со странами зарубежья по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству", слова "Министр экономического развития и торговли" заменить словами "Министр промышленности и новых технологий".
2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан согласно установленному порядку уведомить турецкую сторону о настоящем постановлении.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 сентября 2021 года, №421