Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, № 300

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2021, №300

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июли соли 2021, №300

Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми олии машваратӣ - ҳамоҳангсоз дар амалисозии лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" (минбаъд - лоиҳа) ба ҳисоб меравад.

2. Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат", "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", "Дар бораи муҳоҷират", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти калонсолон", Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои грантӣ аз 21 октябри соли 2020 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

3. Фаъолияти ташкилию техникӣ ва иттилоотии Кумита дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ амалӣ мегардад.

4. Дар кори Кумита бо ҳуқуқи машваратӣ метавонанд намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳое, ки дар самти тайёр намудани мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият доранд, иштирок намоянд.

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА

5. Вазифаҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:

- ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ, корхонаҳо, шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар амалисозии лоиҳа;

- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати амалисозии лоиҳа, пешниҳоди тавсияҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба амалисозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои тайёр намудани мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ;

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июля 2021 года, №300

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июля 2021 года, №300

Положение о Межведомственном руководящем комитете по реализации проекта "Улучшение профессиональных навыков и возможностей трудоустройства" при Правительстве Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Межведомственный руководящий комитет по реализации проекта "Улучшение профессиональных навыков и возможностей трудоустройства" при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет) является высшим совещательным органом - координатором в реализации проекта "Улучшение профессиональных навыков и возможностей трудоустройства" (далее - проект).

2. Комитет осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан "О подготовке специалистов с учетом потребностей рынка труда", "О содействии занятости населения", "О миграции", "Об образовании", "О начальном профессиональном образовании", "Об образовании взрослых", Национальной стратегии развития образования в Республике Таджикистан до 2030 года, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, грантовых соглашений от 21 октября 2020 года между Правительством Республики Таджикистан и Азиатским банком развития, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном, и настоящего положения.

3. Организационно-техническая и информационная деятельность Комитета осуществляется совместно с уполномоченным государственным органом в сфере труда, миграции и занятости населения.

4. В работе Комитета с правом совещательного голоса могут принимать участие представители местных исполнительных органов государственной власти и организаций, осуществляющих деятельность в направлении подготовки специалистов, развития профессиональных навыков, содействия занятости населения на внутреннем и внешнем рынках труда.

2. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ КОМИТЕТА

5. Основными задачами Комитета являются:

- координация деятельности и обеспечение взаимного сотрудничества государственных органов, местных исполнительных органов государственной власти, международных, коммерческих, общественных организаций, предприятий, других физических и юридических лиц в реализации проекта;

- организация мониторинга и оценки состояния реализации проекта, представление рекомендаций соответствующим министерствам и ведомствам, местных исполнительным органам государственной власти по реализации основных направлений государственной политики в сферах подготовки специалистов, развития профессиональных навыков, содействия занятости населения на внутреннем и внешнем рынках труда;

...