Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2021, № 183 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527

 Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 "Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо" бандҳои 3(1), 3(2), 3(3), 3(4), 3(5) ва 3(б) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"3(1). Дар сурати аз тарафи бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида пурра ва ё қисман иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз рӯи қарори мазкур, дороиҳои дар асоси сархатҳои дуюм ва сеюми банди 1 ҳамин қарор ва шартномаи тарафайн қабулгардида барои таъмини иҷрои бозпас харидани саҳмияҳое, ки бар ивази коғазҳои қиматноки давлатӣ дода шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат қабул карда шуда, иҷрои уҳдадориҳои берунаи бонкҳо баъд аз бозпас харидан пурра ба уҳдаи муассисон ва шахсони вобаста вогузор карда шавад.

3(2). Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дороиҳои дар банди 3(1) пешбинишудаи ба моликияти давлат қабулгардидаро бо мақсади таъмини хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатӣ ва фоизҳои онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фурӯш барорад ё ба иҷора диҳад. Маблағи бадастомада ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатӣ кушода шудааст, равона гардида, на дертар аз рӯзи ҳисоботӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

3(3). Маблағи ҷаримаҳои ҳисобшуда аз рӯи шартномаҳое, ки ҷиҳати иҷрои қарори мазкур ба имзо расонида шудаанд, аз эътибор соқит дониста шуда, минбаъд ҳисоб карда нашавад.

3(4). Дар сурати ба миён омадани фарқият байни арзиши дороиҳои қабулшуда ва арзиши коғазҳои қиматноки давлатии баровардашуда бо фоизҳои он, маблағи мазкур ҳамчун қарзи бонкҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шавад.

3(5). Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳоро аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд

3(б). Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар доираи қарори мазкур ҳамкориро бо мақоми ваколатдори соҳа ба роҳ монанд.".

2. Замимаҳои 2 ва 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527 "Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо" дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Қарори мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

аз 20 майи соли 2021, № 183

ш. Душанбе

Замимаи 1-2