Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 № 527 "Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо"

Санаи амалкуни: 20.05.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165, аз 20.05.2021 № 183

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад", бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, коҳиш додани шиддатнокии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, нигоҳ доштани эътимодноки ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барориши коғазҳои қиматноки давлатии имтиёзноки дарозмуҳлатро ба маблағи то 3 320 000 000 (се миллиарду сесаду бист миллион) сомонӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо меъёри 2 (ду) фоизи солона ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо тибқи замимаи 1 амалӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165);

- дороиҳои бонкҳоро тибқи замимаҳои 2 ва 5 ба арзиши коғазҳои қиматноки давлатии баровардашуда қабул намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165);

- аз саҳмдорони бонкҳо дороиҳои иловагие, ки дар тавозуни онҳо инъикос нашудаанд, баробар ба фарқияти арзиши коғазҳои қиматноки давлатии баровардашуда ва дороиҳои ин бонкҳо талаб намояд;

- механизми муносибатҳои тарафайн доир ба истифодаи коғазҳои қиматноки давлатии имтиёзноки дарозмуҳлатро барои сармоякунонии бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида дар асоси шартномаҳо муайян намояд;

- бо мақсади пешгирии фишорҳои қурбӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум, маблағҳои буҷети муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида баргардонида мешаванд, пурра ба суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, дар муҳлати як сол истифодабарии онҳоро махдуд намояд;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти заруриро вобаста ба иҷрои қарори мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ анҷом диҳад;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намояд.

2. Бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида:

- дар давраи гардиши коғазҳои қиматноки давлатии имтиёзноки дарозмуҳлат ҳаққи хизматро ба андозаи 2 (ду) фоизи солона аз арзиши онҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳоро оид ба стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҳар як бонки таҳти сармоякунонӣ қарордошта барои солҳои 2017-2019 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати то як моҳ пешниҳод намоянд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати марҳила ба марҳила дар давоми 5 (панҷ) сол ба сармоягузорони боэътимоди ватанию хориҷӣ фурӯхтани саҳмияҳое, ки бар ивази коғазҳои қиматноки давлати гирифта мешаванд ё аз ҷониби худи бонкҳо харидани саҳмияҳои мазкур чораҳои заруриро андешанд.

3. Шартҳои идоракунӣ ва масъулияти роҳбарияти бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида тасдиқ карда шаванд (замимаи 6).

3(1). Дар сурати аз тарафи бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида пурра ва ё қисман иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз рӯи қарори мазкур, дороиҳои дар асоси сархатҳои дуюм ва сеюми банди 1 ҳамин қарор ва шартномаи тарафайн қабулгардида барои таъмини иҷрои бозпас харидани саҳмияҳое, ки бар ивази коғазҳои қиматноки давлатӣ дода шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат қабул карда шуда, иҷрои уҳдадориҳои берунаи бонкҳо баъд аз бозпас харидан пурра ба уҳдаи муассисон ва шахсони вобаста вогузор карда шавад.

3(2). Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дороиҳои дар банди 3(1) пешбинишудаи ба моликияти давлат қабулгардидаро бо мақсади таъмини хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатӣ ва фоизҳои онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фурӯш барорад ё ба иҷора диҳад. Маблағи бадастомада ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатӣ кушода шудааст, равона гардида, на дертар аз рӯзи ҳисоботӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

3(3). Маблағи ҷаримаҳои ҳисобшуда аз рӯи шартномаҳое, ки ҷиҳати иҷрои қарори мазкур ба имзо расонида шудаанд, аз эътибор соқит дониста шуда, минбаъд ҳисоб карда нашавад.

3(4). Дар сурати ба миён омадани фарқият байни арзиши дороиҳои қабулшуда ва арзиши коғазҳои қиматноки давлатии баровардашуда бо фоизҳои он, маблағи мазкур ҳамчун қарзи бонкҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шавад.

3(5). Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳоро аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

3(б). Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар доираи қарори мазкур ҳамкориро бо мақоми ваколатдори соҳа ба роҳ монанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 210.05.2021 № 183) .

4. Қарори мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 декабри соли 2016 № 527

ш.Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" декабри соли 2016, № 527

Рӯйхати бонкҳо ва маблағи сармоякунонӣ

1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк" - то 2 250 000 000 (ду миллиарду дусаду панҷоҳ миллион) сомонӣ;

2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" - то 1 070 000 000 (як миллиарду ҳафтод миллион) сомонӣ.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" декабри соли 2016, № 527

Рӯйхати дороиҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбанк"

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.05.2021 № 183 дар таҳрир нав тасдиқ шудааст.

Замима

 

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" декабри соли 2016, № 527

Руйхати дороиҳои Ҷамъияти саҳомии пушидаи БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк"

 

Замимаи 3 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

1.  Бинои Сарбонк дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 22

2.  Бинои филиали дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33

3.  Бинои филиали дар ш. Душанбе, хиёбони Расулов, 67

4.  Бинои филиали дар ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ, 291

5.  Бинои филиали дар ш. Бӯстон, кӯч. Опланчук,12а

6.  Бинои филиали дар ш. Турсунзода, кӯч. Н. Хайруллоев, 49

7.  Бинои филиали н. Ваҳдат, кӯч. Фирдавсӣ, 64а

8.  Бинои филиали н. Рӯдакӣ, кӯч. Сомониён, 14

9.  Бинои хушкашуӣ дар ш. Турсунзода, кӯч. И. Сомонӣ, 51

10. Каҳвахонаи "Капелла" дар ш. Душанбе, кӯч. Шерозӣ, 64

11. Минтақаи истироҳати дар н. Варзоб, ч. Варзоб-Қалъа, д. Кондара

12. Бинои маъмурӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Шотемур, 36

13. Заводи пахтатозакунӣ дар ш. Қӯрғонтеппа, кӯч. Айнӣ

14. Маҷмааи "Дахбед" дар ш. Ҳисор, кӯч. Каюмов, 1

15. Базаи истеҳсолӣ дар ш. Ҳисор, кӯч. Сохтмончиён

16. Қаҳвахонаи "Дуэт" дар ш. Душанбе, кӯч. И. Сомонӣ 73/1

17. Меҳмонхона дар назди Сарбонк дар ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 22

18. Бинои филиали н. Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳ. Обурдон

19. Бинои филиали н. Тоҷикобод, кӯч. И. Сомонӣ

20. Бинои филиали н. Айнӣ, кӯч. Рӯдакӣ

21. Бинои филкали ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷандӣ, 43а

22. Бинои филиали ш. Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 87

23. Бинои филиали ш. Гулистон, кӯч. М. Турсунзода, 2

24. Бинои филиали н. Файзобод, кӯч. Сомонӣ 33

25. Бинои филиали ш. Норак, кӯч. Ленин, 26

26. Бинои филиали н. Спитамен, кӯч. Ленин

27. Бинои филиали н. Лахш, кӯч. Сомониён

28. Бинои филиали н. Ёвон, кӯч. Ленин, 29

29. Бинои филиали н. Мастчоҳ, кӯч, С. Акрамов

30. Бинои филиали н. Рашт, кӯч. И. Сомонӣ

31. Бинои филиали н. Ҳисор, кӯч. И. Сомонӣ

32. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш.Турсунзода, кӯч. Маяковский 14

33. Таҷҳизоти суратгирӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Рӯдакӣ, 22

34. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Қаҳҳоров, 440

35. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Ваҳдат, д. Навниҳол

36. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Ваҳдат, кӯч. Бохтар, хонаи 296, ҳуҷраи 13

37. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Ҳисор, ҷ/д Турсунзода, д.Садоқат

38. Бинои гаражи тракторҳо, фермаи комплексӣ дар н. Ҳамадонӣ, ҷ/д Панҷруд.

39. Бинои маъмурии бонк дар н. Муъминобод, кӯч. Раҳимов

40. Бинои маъмурии бонк дар н. Файзобод, кӯч. Сомонӣ, 33

41. Бинои хизмати маишӣ дар н. Мастчоҳ, ҷ/д Мастчоҳ, кӯч. Рӯдакӣ

42. Бинои бошишгоҳи саҳроӣ дар ш.Конибодом, х/д Истиқлолият

43. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Ғафуров, кӯч. Гулистон, 90а

44. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Ғафуров, кӯч. Толстой, 20

45. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Варзоб, ҷ/д Деҳмалик, д. Паншанбе

46. 2 иншоот дар хирман зери сохтмон ва идораи хоҷагӣ зери сохтмон дар н.Бохтар, ҷ/д Заргар, д. М. Горкий

47. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, 2 - гузаргоҳи Қубодиён, 129/4

48. Ҳавлии истиқоматӣ бо осиё ва таҷҳизоти биринҷ-майдакунӣ дар ш.Турсунзода, ҷ/д 1-май, д. Қун-Ғар

49. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Ҳисор, кӯч. Н. Маҳсум, 12

50. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Истаравшан, к/к "Зарнисор"

51. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Рӯдакӣ, ҷ/д Испечак, д. Гиждалобод

52. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Истаравшан, кӯч. Суҳайли 13

53. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Ғончӣ, д. Янгиарики поён

54. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Мира, 63 а, фил. Шоҳмансур

55. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Ҳисор, деҳаи Ҷорӯбсой

56. Бинои мағоза дар н. Ҳисор, ҷ. Турсунзода, д. Меҳробод

57. Бинои истироҳатгоҳ дар н. Варзоб, д. Кондара

58. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Истаравшан, к. Авесто

59. Саҳмияҳои оддӣ ва номии ҶДММ "Промстрой" дар ш. Душанбе, кӯч. Борбад, Табачка

60. Бинои ҶСК "Саодат" дар ш. Қурғонтеппа, кӯч. Айнӣ, 110

61. Хонаи истиқоматӣ дар ш.Истаравшан, кӯч.Чернишевский, 67 ҳавли

62. Бино дар ноҳияи Деваштич, кӯч. Сино, 27

63. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Озод, 26-26 а, н. И. Сомонӣ

64. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Теппаҳои Шарқӣ

65. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Истаравшан, ҷ. Гули сурх, д. Зарнисор Боғкалон

66. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Ҷ. Расулов, кӯч. Дустлик, ҷ. Деҳмой

67. Бинои Промстрой дар ш. Душанбе

68. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Ёвон, ҷ. Норин, кӯч. Қуз-Қайнар, (2 хона 94,26+118,22)

69. Бинои анбор дар н. Ваҳдат, ҷ. Гулистон, д. Кишоварз

70. Бинои маркази савдо дар ш. Турсунзода, мкр-1

71. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Ҷ. Румӣ, ҷ. Навобод, д. Чапаев,

72. Бинои мағоза дар н. Вахш, ҷ. 20 солагии истиқлолият, кӯч. Пахтакор

73. Ҳавлии истиқоматӣ дар н. Вахш, ҷ. Вахш, кӯч. Варашилов, 9/1

74. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 1 (5-ош.)

75. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан 21-25 блок 1 (6-ош.)

76. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан 21-25 блок 1 (7-ош.)

77. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан 21-25 блок 1 (8-ош.)

78. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Исгаравшан, 21-25 блок 1 (9-ош.)

79. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 1 (10-ош.)

80. Хонаи истнқоматй дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 3 (5-ош.)

81. Хонаи истиқоматй дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 3 (б-ош.)

82. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 3 (б-ош.)

83. Хонаи истиқоматй дар ш. Душаибе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 3 (7-ош.)

84. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Истаравшан, 21-25 блок 3 (7-ош.)

85. Хонаи истиқоматй дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч. Исгаравшан, 21-25 блок 3 (8-ош.)

86. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, Бухоро 29, кӯч.Истаравшан, 21-25 блок 3 (8-ош.)

87. Бинои марказӣ савдо дар ш.Душанбе. кӯч. Истаравшан, 25 Б (1-ош.)

88. Бинои марказӣ савдо дар ш.Душанбе, кӯч.Истаравшан, 21 А (2-ош.)

89. Анбори сабзавотнигаҳдорӣ дар н.Зафаробод, фл. Истаравшан

90. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана п-993, б/р

91. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14940

92. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14941

93. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14945

94. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14946

95. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14947

96. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14948

97. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14949

98. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14950

99. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14951

100. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14952

101. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14953

102. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14954

103. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14955

104. Бинои истироҳатгоҳ дар ш.Ваҳдат, ҷ/д Ромит, д.Даҳана, б/р 14956

105. (ҶСП Промстрой) арматурҳо дар ш. Душанбе

106. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Раҷабов 3а х.2

107. Хонаи истиқоматӣ ҶДММ "Ориё" дар н. Шоҳмансур кӯч. Раҷабов, 3а х.2

108. Бинои ҶДММ "Левакан" дар ш. Москва, н. Одинсово, д. Новодарино

109. Комплекси фабрика "Ресмон" дар ш. Конибодом, кӯч. X. Содиқ, 45

110. Маркази савдо дар ш.Турсунзода, 1-мкр (Ғаюров Ҷ.)

111. Хонаи истиқоматӣ дар ш. Ваҳдат, ч/д Б. Бурунов, д. Гирдоб

112. Маркази савдо дар н. Рӯдакӣ, ҷ/д Чортеппа, кӯч. Арбобхотун

113. Фабрикаи дӯзандагии "Шарофат"-и ҶДММ "Дахбед"-2 дар ш. Ҳисор, кӯч. М. Қаюмов

114. Парки трактори ва соябон дар ш. Қӯргонтеппа, кӯч. Айнӣ

115. 75% саҳмияҳои ҶДММ "Пахтаи Ҳисор" дар ш. Ҳисор, п. Шарора

116. Воситаҳои асосии ҶДММ "Баракати Ҷомӣ" дар н. Ҷомӣ, ҷ. Арал

117. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Лучоб, 68-1

 

Замимаи 4

ба карори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" декабри соли 2016, № 527

Рӯйхати дороиҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фононбонк"

 

Замимаи 4 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

1. Бинои саридора дар ш. Душанбе, кӯч. М. Турсунзода, 17

2. Бинои филиал дар ш. Ҳисор, кӯч. Б. Раҳимзода. 5

3. Бинои филиал дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, 113/1

4. Бинои филиал дар н. Муъминобод

5. Бннои филиал дар ш. Ваҳдат, кӯч. Улуғбек

6. Идораи ПМК-5 (201,44 м2), н.Ҷиликӯл,. д. Қубодиён

7. Ҳавлии истиқоматӣи нотамом (360,00м2) дар н.Варзоб, ҷ.Чорбоғ, д. Ҷангалак

8. Ҳавлии истиқоматӣ дар н.Рӯдакӣ, ҷ.Гулистон, (119,30 м2), қитъаи замин (500 м2)

9. Ҳавлин истиқоматӣ дар шаҳри М. Турсунзода, х/д. К.Назиров, ч. Навобод, к. Шодмонкозок

10. Ҳавлии истиқоматӣи 1-ошёна, (6289 м2) қитъаи замин дар ш. Душанбе, кӯч. Томин

11. Экскаватори тамғаи ЭО - 3322 "А" дар н. Рӯдакӣ

12. Манзили истиқоматӣи 1 ошёна, қитъаи замин 338м2- дар ш. Душанбе, кӯч. Л. Шералӣ, 39

13. Манзили истиқоматӣ дар н. Рӯдакӣ, ҷ/д Кӯктош, деҳ. Стаханов

14. Манзили истиқоматӣи 2-ошёна, қитъаи замин (800м2) дар н. Рудакӣ ҷ/д Зайнабобод

15. Манзили истиқоматӣи 1-ошёна, қитъаи замин (1070м2) дар н. Рудакӣ ҷ/д Россия

16. Дастгоҳи истеҳсоли маҳсулоти бетонии тамғаи КВР - 90.

17. Манзили истиқоматӣ дар ш. Душанбе, кӯч. Зарафшон, х. 22, ҳуҷ. 19

18. Маркази савдо дар н. Рашт, ҷ/д Н. Махсум, деҳ. Шул

19. Манзили истиқоматӣ (52,80 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ.64

20. Манзили истиқоматӣ (53,1 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ.62

21. Манзили истиқоматӣ (66 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев х. 274/1, ҳуҷ.65

22. Манзили истиқоматӣ (32,7 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ.63

23. Манзили истиқоматӣ (53 м2)дар ш. Душанбе кӯч. Н. Ҳувайдуллоев х. 274/1, ҳуҷ.51

24. Манзили истиқоматӣ (53,1 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ. 52

25. Манзили истиқоматӣ (52,80 м2) ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ. 54

26. Манзили истиқоматӣ (53 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ.56

27. Манзили истиқоматӣ (52,80 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ. 59

28. Манзили истиқоматӣ (66 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев х. 274/1, ҳуҷ.60

29. Манзили истиқоматӣ (53 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ. 61

30. Манзили истиқоматӣ (53,10 м2) дар ш. Душанбе, кӯч. Н. Ҳувайдуллоев, х. 274/1, ҳуҷ. 57

31. Бинои мағоза дар ш. Душанбе, кӯч. Зебуннисо, 7

32. Ҳавлии истиқоматӣ дар ш. Душанбе, маҳ. 2, қитъаи 95 (Теппаҳои шарқӣ)

33. Манзили истиқоматӣ дар н. Мӯъминобод

34. Манзили истиқоматӣ (4-ҳуҷрагӣ) дар н. Рӯдакӣ, ҷ/д Сарикиштӣ (40-солагии Тоҷикистон), д. Конститутсия

35. Манзили истиқоматӣ ва қитъаи замин 5840м2, ш.Ҳисор, кӯч. М.А. Хамадонӣ, х. №38 "В"

36. Корхонаи хурди истеҳсоли коғазҳои санитарӣ дар ш. Сарбанд

37. Манзили истиқоматӣ дар н. Рӯдакӣ, ҷ/д Чоргултеппа, деҳ. Кӯктош

 

Замимаи 5

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" декабри соли 2016, № 527

Рӯйхати дороиҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк"

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.05.2021 № 183 дар таҳрири нав тасдиқ шудааст.

Замима

Замимаи 6

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" ноябри соли 2016, № 527

Шартҳои идоракунии бонкҳо ва масъулияти роҳбарияти он

1. Раис ва аъзои Шӯрои нозирони бонкҳо дар маҷлиси умумии саҳомон аз нав таъин карда мешаванд,

2. Роҳбарияти бонкҳо (раис, муовинони ӯ ва аъзои Раёсат) аз ҷониби Шӯрои нозирон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд,

3. Роҳбарияти бонкҳо:

- ислоҳоти куллии сохторӣ ва идоракунии самараноки фаъолияти бонкҳоро таъмин намоянд;

- нақшаи амалҳоро оид ба солимгардонидании пурраи вазъи молиявии бонкҳо бо дарназардошти тадбирҳои чораҳои мушаххас, муҳлатҳои муайян ва натиҷаҳои интизорӣ таҳия, пешниҳод ва иҷро намоянд;

- фаъолияти бонкҳоро дар доираи этикаи кории бонкӣ ба роҳ монда, маблағҳои бадастовардаро барои қарздиҳӣ ба шахсони вобаста равона насозанд;

- сарчашмаҳои даромадро ба таври назаррас зиёд намуда, ҳама намуди хароҷотро, ба истиснои хароҷоти афзалиятнок, манъ кунанд;

- истифодабарии мақсадноки маблағҳои пешниҳодшавандаро таъмин намоянд;

- иҷрои саривақтии уҳдадориҳои худро дар назди пасандоздорону қарздеҳон таъмин намоянд;

- баргардонидани қарзҳо, фурӯши амволи гарави қарзҳои ғайрифаъол, воситаҳои ғайрибонкӣ ва ҷалби маблағҳои пулии арзон, аз ҷумла пасандозҳо, амонатҳо, сармояи ғайридавлатӣ ва дигарҳоро мунтазам дар сатҳи зарурӣ таъмин кунанд;

- вазъи молиявии бонкҳоро ба эътидол оварда, фаъолияти мӯътадили онҳоро таъмин намоянд ва уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро пурра иҷро кунанд;

- оид ба натиҷаи фаъолияти молиявӣ, хоҷагидорӣ ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳомон ҳисобот пешниҳод намоянд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати фаъолияти бонкҳо, истифодаи маблағҳо ва иҷрои шартҳои мазкурро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд.

5. Дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳои қайдшуда аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор нисбати роҳбарияти бонкҳо тибқи қонунгузории амалкунанда чораҳои қатъӣ меандешанд.

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О выпуске в обращение ценных государственных бумаг Республики Таджикистан для капитализации банков

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165, от 20.05.2021г.№183)

В соответствии со статьёй 5 Закона Республики Таджикистан "О государственном заимствовании и гарантированном государством долге" в целях обеспечения устойчивости банковской системы, снижения социальной напряженности, защиты нрав и интересов вкладчиков и кредиторов и сохранения доверия населения к банковской системе, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерству финансов:

- обеспечить выпуск льготных долгосрочных государственных ценных бумаг в сумме до 3 320 000 000 (три милиарда триста двадцать милионов) сомони сроком на 5 (пять) лет со ставкой в 2 (два) процента годовых для капитализации банков в соответствии с приложением 1 (в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165);

- принять активы банков в соответствии с приложениями 2 и 5 к стоимости выпущенных ценных бумаг (в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165);

- затребовать от акционеров банков дополнительные активы, не отраженные в их балансе, равные разнице между стоимостью выпущенных ценных бумаг и активов этих банков;

- на основании договоров определить механизм взаимоотношений сторон по использованию льготных долгосрочных государственных ценных бумаг для капитализации банков, указанных в приложении 1;

- во избежание валютных давлений и поддержания стабильного уровня инфляции, полностью перечислить бюджетные средства бюджетных учреждений, в том числе Агентства социального страхования и пенсии при Правительстве Республики Таджикистан, которые будут возвращены банками, указанными в приложения 1, на единый счет Главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан и ограничить их использование в течение одного года;

- совместно с Национальным банком Таджикистана в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан в течении до одного месяца осуществить необходимые операции, связанные с исполнением данного постановления;

- в установленном порядке принять меры по внесению соответствующих изменений и дополнении в нормативные правовые акты и учредительные документы.

2. Банкам, указанным в приложении 1:

- в период обращения льготных долгосрочных государственных ценных бумаг произвести оплату в размере 2 (двух) процентов годовых от стоимости ценных бумаг  Министерству финансов за их обслуживание;

- по согласованию с Министерством финансов и Национальным банком Таджикистана разработать проект Плана действий по стратегии оздоровления финансового состояния каждого банка подлежащего капитализации на период 2017 - 2019 годов и представить Правительству Республики Таджикистан в течение одного месяца:

- по согласованию с Министерством финансов принять необходимые меры по поэтапной продаже в течение 5 (пяти) лет акций, предоставленных взамен выпущенных государственных бумаг, надежным отечественным и иностранным инвесторам или обратному выкупу самими банками.

3. Утвердить Условия управления и ответственность руководства банков, указанных в приложении 1 (приложение 6).

3(1). В случае полного и или частичного неисполнения обязательств по настоящему постановлению со стороны банков, указанных в приложении 1, принятые активы на основании второго и третьего абзацев пункта 1 данного постановления и двустороннего договора для обеспечения выполнения выкупа акций, выданных взамен ценных государственных бумаг, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан принять в государственную собственность, а выполнение внешних обязательств банков после выкупа полностью возложить на учредителей и аффилированные лица.

3(2). Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, с целью обеспечения обслуживания ценных государственных бумаг и их процентов, принятые в государственную собственность активы, указанные в пункте 3(1), в установленном законодательством порядке выставить на продажу или сдать в аренду. Вырученные средства направить на специальный счет республиканского бюджета, открытый в главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан для обслуживания ценных государственных бумаг и перевести не позднее отчетного дня в Национальный банк Таджикистана.

3(3). Начисленную сумму штрафов по договорам, подписанным для выполнения настоящего постановления, списать и впредь не начислять.

3(4). В случае возникновения разницы между стоимостью принятых активов и стоимостью выпущенных ценных государственных бумаг с процентами по ним, данную сумму рассматривать как банковскую задолженность перед Правительством Республики Таджикистан.

3(5). Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить обязательства по ценным государственным бумагам перед Национальным банком Таджикистана в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

3(6). Генеральной прокуратуре, Агентству по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией и Государственному комитету национальной безопасности наладить взаимодействие с уполномоченным органом сферы в рамках настоящего постановления (в редакции постановления Правительства РТ от 20.05.2021г.№183).

4. Представить данное постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 12 декабря 2016 года, № 527

*приводится на тадж.языке