ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАРЗГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТ ДОДА МЕШАВАД
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод.326)
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1795)
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1795)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти қарзгирии давлати аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзгирии ғайридавлатиеро, ки аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини кафолати давлати ба вуқӯъ мепайванданд танзим намуда, инчунин ҷараёни идора намудани қарзи давлати ва қарзи бо кафолати давлати гирифта шударо таъмин менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳо истифода карда мешаванд:
1) пули қарзи давлати - қарзе, ки қарзбардори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
2) қарзи давлати - маблағи гирифташуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи давлати дар мӯҳлати муқаррар гардида;
3) кафолати давлати - ӯҳдадории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қарздиҳанда ҷиҳати пурра ё қисман пардохт намудани қарз дар ҳолати аз ҷониби қарзбардор-намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз дар мӯҳлати муайяншуда;
4) қарзи аз ҷониби давлат кафолат додашуда - маблағи дар мӯҳлати муайян гирифта шуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи ғайридавлати, ки кафолати давлати дорад;
5) пули қарзи аз ҷониби давлат кафолат додашуда - пули қарзи ғайридавлатие, ки барои он кафолати давлати вуҷуд дорад;
...