Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси тасдиқи Конвенсия оид ба ҳамкории байниминтақавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:
1. Конвенсия оид ба ҳамкории байниминтақавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст, бо дар назар доштани тавзеҳоти зерин тасдиқ карда шавад:
"Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии муқаррароти Конвенсия оид ба самтҳои ҳамкорӣ, ки аҳамияти амалӣ доранд, инчунин бо дарназардошти имкониятҳои буҷети ҷумҳуриявӣ иштирок менамояд.".
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Конвенсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур-заруранд, огоҳ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
26 сентябри соли 2020 № 1612
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ
ТАДЖИКИСТАН
Об утверждении Конвенции о межрегиональном сотрудничестве
государств-участников Содружества Независимых Государств
В соответствии со статьей 13 Закона Республики
Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" постановляю:
1. Утвердить Конвенцию о межрегиональном
сотрудничестве государств-участников Содружества Независимых Государств,
подписанную 16 сентября 2016 года в городе Бишкек, с учетом следующей оговорки:
"Республика Таджикистан будет участвовать в реализации положений Конвенции по
направлениям сотрудничества, представляющим практический интерес, а также с
учетом возможностей республиканского бюджета.".
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан
совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые
меры по реализации настоящей Конвенции.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном
порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о
выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых
для вступления в силу указанной Конвенции.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 сентября 2020 года, №1612