Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 № 410 "Дар бораи ҷорӣ намудани низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ""

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ намудани низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ"

 

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 сентябри соли 2020 низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" ҷорӣ гардида, ҳуҷҷатгузории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар самти барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ аз ҳомили қоғазӣ ба электронӣ гузаронида шавад.

2. Номгӯи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат барои содирот, воридот ва транзити молро бо истифода аз низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази Равзанаи ягона" дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ба номгӯи воридшударо ба низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" таъмин намояд.

4. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки ба номгӯй ворид шудаанд, ҳамаи масъалаҳои техникӣ ва ташкилиро барои пайваст шудан ба низоми "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ" ҳаллу фасл намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 24 июли соли 2020 № 410

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внедрении системы "Единого окна по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур"

В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 сентября 2020 года внедрить систему "Единое окно по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур" и перевести делопроизводство государственных органов и организаций в части оформления экспортных, импортных и транзитных процедур от бумажного на электронный носитель.

2. Утвердить перечень государственных органов и организаций, представляемых участникам внешнеэкономической деятельности разрешительные документы и сертификаты на импорт, экспорт и транзит товаров с использованием системы "Единое окно по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур" (прилагается).

3. Государственному унитарному предприятию "Центр Единого окна" при Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить доступ государственных органов и организаций, включенных в перечень, к системе "Единое окно по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур".

4. Государственным органам и организациям, включенным в перечень, решить все технические и организационные вопросы для присоединения к системе "Единое окно по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 24 июля 2020 года, №410

г. Душанбе,

от 24 июля 2020 года, №410

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 24 июля 2020 года, №410

...