Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 № 1710 "Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ ВА БАҚАЙДГИРИИ УҲДАДОРИҲОИ ТАЪМИНШУДА"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 апрели соли 2020, № 49 

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 июни соли 2020, № 43

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи. 1. Дар моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда" аз 2 январи соли  2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №1, мод.23) қисми 8 хориҷ карда шуда, қисми 9 қисми 8 ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе, 4 июли соли 2020 № 1710

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014 № 1710