Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик"
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Молу мулки силсилаҳои 5 ва 6 аз ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ҷудо карда шуда, дар заминаи молу мулки мазкур ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис" бо 100 фоиз саҳми ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" таъсис дода шавад ва ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис" ҳамаи имтиёзҳое, ки ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" бархӯрдор мебошад, дода шаванд.
2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор супоридани молу мулки силсилаҳои 5 ва 6-ро ба сармояи оинномавӣ ва тавозуни ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис" тибқи баҳогузории арзиши онҳо марҳила ба марҳила бо дарназардошти иҷрои нақшаи таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" амалӣ намоянд.
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис"-ро ҳал намояд.
4. Созишномаи таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6, ки байни ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва ширкати China Machinery Engineering Corporation аз 15 апрели соли 2019 ба имзо расидааст, маъқул дониста шавад (замимаи 1).
5. Шартномаҳо оид ба азнавтаҷҳизонии сехи анодпазӣ байни ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва ширкати "Ғ1УЕ8 8ОЫО5" (Фаронса) ва байни ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва ширкати "Reidhammer GmbH" (Олмон) аз 7 ноябри соли 2019 маъқул дониста шаванд (замимаҳои 2 ва 3).
6. Лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ барои таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии силсилаҳои 1, 2, 3 ва 4-и ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" байни ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва ширкати "Та1со Management Limited" маъқул дониста шавад. Ба шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ҳуқуқи мувофиқа кардани шартҳои тиҷоратие, ки ба салоҳияти муассис мансуб аст, дода шавад (замимаи 4).
7. Дар банди 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №374 "Дар бораи масъалаҳои корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" баъд аз калимаҳои "ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" калимаҳои "ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис" илова ва калимаи "менамояд" ба калимаи "менамоянд" иваз карда шавад.
8. Ба замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №374 "Дар бораи масъалаҳои корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" сатри 50 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
Ҷадвал *
9. Ба замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №647 "Дар бораи масъалаҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 5 аломати нуқта ба аломати ";" иваз карда шавад;
- банди 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 7 майи соли 2020 № 268
ш. Душанбе
Замимаи 1
Замимаи 2
Замимаи 3
Замимаи 4