Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи аз тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда"
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" аз тобеияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №435 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном ва банди 1 калимаҳои ", шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ба калимаҳои "ва шикор" иваз карда шаванд;
- аз муқаддима калимаҳои ", моддаи 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд.
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) дар замимаи 1 "Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон":
- аз банди 1 калимаҳои "олами набототу ҳайвоноти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," хориҷ карда шаванд;
- сархати чоруми банди 2 хориҷ карда шавад;
- аз сархати панҷуми зербанди а) банди 5 калимаҳои ", ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" хориҷ карда шаванд:
- аз сархати дуюми зербанди в) банди 5 калимаҳои "Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда," хориҷ карда шаванд;
- сархати чоруми зербанди в) банди 5 хориҷ карда шавад:
...