Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020 № 1682 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 ноябри соли 2019, № 1490

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 декабри соли 2019, № 742 

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46; с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

2. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаҳои "иншооти" ва "Иншооти" мувофиқан ба калимаҳои "объектҳои" ва "Объектҳои" иваз карда шаванд.

3. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии объектҳои истеҳсолии хатарнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ба ошкор кардан ва ҳифзу пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар объекти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда равона шудааст.".

4. Дар тамоми матни Қонун қисмҳои моддаҳо рақамгузорӣ карда шаванд.

5. Дар моддаи 1:

- сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;

- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- таҷҳизоти техникӣ - қисмҳои эҳтиётӣ, агрегат, механизм, таҷҳизот, системаи мошин, ки дар фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд;

- Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок - махзани ягонаи маълумот (низоми идоракунии иттилоот ва маълумоти ягона оид ба объектҳои истеҳсолӣ), ки иттилоотро оид ба объектҳои истеҳсолии хатарноки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда дар бар мегирад;

- ҳаммонандкунии (идентификатсияи) объектҳои истеҳсолии хатарнок - ошкор намудани объекту ташкилотҳо бо мақсади ворид кардани онҳо ба гурӯҳи (категорияҳои) объектҳои истеҳсолии хатарнок ва муайян намудани навъи онҳо мувофиқи талаботи Қонуни мазкур;

- объекти истеҳсолии хатарнок - объекти истеҳсолӣ (корхона, коргоҳ, қитъа, майдонча, инчунин объектҳои дигари дорои хатарнокии баланд), ки дар натиҷаи сар задани садама дар он ба ҳаёт, саломатии аҳолӣ ва (ё) молу мулки он ва муҳити зист таҳдиди эҳтимолӣ ба вуҷуд меояд.".

6. Дар моддаи 2:

- дар зербанди а) калимаи "мӯътадил" ба калимаи "муътадил" иваз карда шавад;

- дар зербанди б) калимаҳои "сӯхтанро қувватдиҳанда", "сӯхтанро бавуҷудоваранда" ба калимаҳои "қувватдиҳандаи сӯхтан", "бавуҷудоварандаи сӯхтан" иваз карда шаванд.

7. Ба Қонун моддаи 2(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 2(1). Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳои ба таъмини бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок ва (ё) ба объектҳои хатарноки эҳтимолӣ вобастаро ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ, лоиҳакашӣ ва банақшагирии онҳо, омодасозӣ, сохтан, таҷдид ва нав кардан, қабул ва ба истифода додан, танзим, хизматрасонӣ, таъмир, ташхиси техникӣ, озмоиш, азнавтаҷҳизонии техникӣ, консерватсия, аз истифода баровардан, инчунин бо маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои садама дар соҳаи мазкур ба амал меоянд, танзим менамояд.

2. Муқаррароти Қонуни мазкур дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликият, ки фаъолиятро дар соҳаи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегарданд.".

8. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

9. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда," ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқие," иваз карда шаванд.

10.Сархати сеюми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ;".

11. Дар ном ва қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "махсуси давлатии" ба калимаҳои "давлатӣ дар" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 7:

- ном ва қисми муқаддимавии модда дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдор

Мақоми ваколатдор дорои ваколатҳои зерин мебошад:"

- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум хориҷ карда шаванд;

- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок;".

13. Дар ном ва матни моддаи 8 калимаҳои "Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии)" ба калимаҳои "Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) ба" иваз карда шаванд.

14. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "дар соҳаи иншооти истеҳсолии хатарнок" ба калимаҳои "дар соҳаи бехатарии саноатӣ" иваз карда шаванд.

15. Дар моддаи 10 калимаҳои "мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд.

16. Дар моддаи 12:

- сархатҳои шашум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- кормандонро бо либоси махсус ва воситаҳои дигари муҳофизатии инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин намояд;";

"- риояи талаботи бехатарии саноатиро ҷиҳати нигоҳдории моддаҳои хатарнок таъмин намояд;";

- дар сархати чордаҳум калимаи "ногувор" ба калимаи "нохуш" иваз карда шавад.

17. Дар моддаи 14:

- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаи "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми ҳафтум калимаи "акти" ба калимаи "санади" иваз карда шавад;

- дар қисми ҳаштум калимаҳои "техники" ва "рӯй" мувофиқан ба калимаҳои "техникии" ва "рух" иваз карда шаванд.

18. Дар қисми якуми моддаи 16 калимаи "рӯй" ба калимаи "рух" иваз карда шавад.

19. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "бояд ҳатман" ба калимаҳои "уҳдадор аст" иваз карда шаванд.

20. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои "мақоми ваколатдори соҳаи бехатарии саноатӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" иваз карда шуда, ба сархати панҷум пас аз калимаи "объектҳои" калимаи "истеҳсолии" илова карда шавад.

21. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1682

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОМЫШЛЕННОЙ БЕЗОПАСНОСТИ ОПАСНЫХ ПРОИЗВОДСТВЕННЫХ ОБЪЕКТОВ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 13 ноября 2019 года, №1490

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2019 года, №742

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О промышленной безопасности опасных производственных объектов" от 28 февраля 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 46; 2005г., №12, ст.648; 2007г.-, №6, ст. 438; 2008г., №6, ст. 456, №10, ст.815; 2013г., №12, ст. 897) следующие изменения и дополнения:

1. Название Закона написать прописными буквами.

2. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:

"Настоящий Закон устанавливает правовые, экономические и социальные основы обеспечения безопасности опасных производственных объектов в Республике Таджикистан и направлен на выявление и предупреждение аварий и несчастных случаев на опасных производственных объектах.".

3. Во всём тексте Закона части статей пронумеровать.

4. В статье 1:

- абзацы обозначить знаком дефис "-";

- знак точки в конце абзаца третьего заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить абзацами четвёртым, пятым, шестым и седьмым следующего содержания:

"- техническое оборудование - запасные части, агрегаты, механизмы, оборудование, машинные системы, эксплуатируемые в производственной деятельности;

- Государственный реестр опасных производственных объектов-единая база данных (система управления информацией и едиными данными о производственных объектах), содержащая информацию об опасных производственных объектах, эксплуатируемых физическими и юридическими лицами на территории Республики Таджикистан;

- идентификация опасных производственных объектов - выявление объектов и организаций с целью их включения в категорию опасных производственных объектов и определения их типа в соответствии с требованиями настоящего Закона;

- опасный производственный объект - производственный объект (предприятие, цех, участок, площадка, а также иные объекты повышенной опасности), в котором в результате аварии возникает вероятная угроза жизни и здоровью населения, его имуществу и окружающей среде.".

5. Дополнить статьёй 2(1) следующего содержания:

"Статья 2(1). Сфера действия настоящего Закона

1. Настоящий Закон регулирует отношения, связанные с обеспечением промышленной безопасности опасных производственных объектов и (или) потенциально опасных объектов, возникающих при осуществлении деятельности в сфере промышленной безопасности, их проектирования и планирования, подготовки, строительства, реконструкции и модернизации, приёма и сдачи в эксплуатацию, регулирования, обслуживания, ремонта, технической диагностики, испытания, технического переоснащения, консервации, снятия из использования, а также ограничения и ликвидации последствий аварий в данной сфере.

2. Положения настоящего Закона распространяются на все организации, учреждения и предприятия, независимо от форм собственности, осуществляющие деятельность в сфере промышленной безопасности опасных промышленных объектов на территории Республики Таджикистан.".

6. В части первой статьи 4 слова "нормативных правовых документах Республики Таджикистан" заменить словами "нормативных правовых актах".

7. В абзаце третьем статьи 5, названии и части первой статьи б слова "специально уполномоченного государственного органа", "Специально уполномоченный государственный орган" и "государственный орган, специально уполномоченный" соответственно заменить словами "уполномоченного государственного органа", "Уполномоченный государственный орган" и "уполномоченный государственный орган".

8. В статье 7:

- название и преамбулу статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 7. Полномочия уполномоченного органа

Уполномоченный орган имеет следующее полномочия:";

- абзацы шестой, седьмой и восьмой исключить;

- дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- ведение Государственного реестра опасных промышленных объектов;".

9. Статью 12 дополнить абзацами шестым и одиннадцатым следующего содержания:

"- обеспечивать работников спецодеждой и другими средствами индивидуальной защиты и гигиеническими средствами;";

"- обеспечивать соблюдение требований промышленной безопасности с целью хранения опасных веществ;".

10. В абзаце первом части третьей статьи 14 слова "органов исполнительной власти на местах" заменить словами "местных органов государственной власти".

11. Из части второй статьи 18 слова "в области промышленной безопасности" исключить.

12. Статью 19 изложить в следующей редакции:

 "Статья   19.    Ответственность   за   несоблюдение   требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

Статья  2.   Настоящий   Закон   ввести   в   действие   после   его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2020 года, №1682