×

Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёри заминавии музди меҳнат ва иловапулиҳо дар муассисаҳои мазкур аз 30 декабри соли 2019 № 656

Санаи амалкуни: 29.05.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2019, № 656

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2019, № 656

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 223)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 223)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 223)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 223)

1. Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - низомнома) фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият, тобеияти идоравӣ ва мансубияти соҳавӣ ба танзим дароварда, мақсад, вазифа, ҳуқуқу уҳдадориҳо, раванди тайёрии варзишӣ ва самтҳои муҳимми фаъолияти дигари онҳоро муқаррар менамояд.

2. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", "Дар бораи тайёрии варзишӣ", низомнома, оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

3. Оинномаи муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо дар назар доштани муайян намудани самтҳои фаъолият, намудҳои варзиш ва нишондиҳандаҳои рушд таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Ба оинномаи муассисаҳои тайёрии варзишӣ ворид намудани тағйиру иловаҳое, ки ба меъёрҳои низомнома мухолифат мекунанд, ҳуқуқҳои муассис (муассисон), варзишгарон ва кормандони муассисаҳои тайёрии варзишии дигарро маҳдуд менамоянд, манъ мебошад.

...

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2019, № 656

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёри заминавии музди меҳнат ва иловапулиҳо дар муассисаҳои мазкур

 

Матни Низомнома

 

Замимаҳои 2-5