ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №3, мод.196)
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1296)
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1296)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва дигар асосҳои тайёрии варзиширо муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ё соҳибкорони инфиродӣ, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- барномаи тайёрии варзишӣ - ҳуҷҷате, ки барои тайёр кардани варзишгарон тибқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ ва шароити тайёрии варзиширо дар ҳар як зинаи он муқаррар менамояд ;
- тайёрии варзишӣ - фаъолияти мақсаднок оид ба тайёр кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои варзишӣ бо роҳи ташаккул ва такмили маҳорати варзишии онҳо, ки мувофиқи талаботи ва барномаҳои тайёрии варзишӣ амалӣ карда мешавад ;
- муассисаи тайёрии варзишӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии давлатӣ ва хусусӣ, ки намуди асосии фаъолияти онро тайёрии варзишӣ ташкил менамояд ва он ба амалӣ намудани барномаҳои тайёрии варзишӣ равона карда шудааст;
- стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ - маҷмӯи талаботи таҳия ва тасдиқшудаи тайёрии варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиш (ба истиснои варзиши амалию ҳарбӣ, амалию хизматӣ ва намудҳои варзиши миллӣ), ки барои муассисаҳои амаликунандаи тайёрии варзишӣ ҳатмӣ мебошанд.
...