Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.05.2020 № 268)
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 ноябри соли 2019:
- корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" бо 100% саҳми давлат табдил дода шавад;
- корхонаи фаръии давлатии "Алюминсохтмон" ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Алюминсохтмон" бо 100% саҳми ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" табдил дода шавад;
- дар заминаи маркази савдои "Металлург", муҷтамаи меҳмонхонаи "Ширкент", истироҳатгоҳҳои "Куран", "Қаратоғ", маркази солимгардонии "Ширкент", "Маркази ҷавонон", ширхоргоҳҳои №9, 10, 11, 12, 14, 16 ва дегхонаи истеҳсолию гармидиҳӣ шахсони ҳуқуқии дахлдор бо 100% саҳми ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ташкил карда шаванд.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии табдилдиҳӣ ва таъсиси шахсони ҳуқуқии дар банди 1 қарори мазкур пешбинишударо ҳал карда, лоиҳаи санадҳои меъёрин ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Нақшаи чорабишҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" барои солҳои 2019-2024 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
4. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 42 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"42. Таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик".
5. Номгӯйи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнавтаҷҳизонӣ ва навсозии корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд (замимаи 2).
6. Ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" иҷозат дода шавад, ки фурӯши филизпораҳои сиёҳро бо нархи мувофиқашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба роҳ монад. Маблағҳои бадастомада аз фурӯши филизпораҳо, ки ба ҳисоби ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ворид мегарданд, барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ ва фаъолияти амалиётии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" истифода бурда шаванд.
7. Аз 1 феврали соли 2019 то 31 декабри соли 2024 воситаҳои асосии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тибқи замима ба низоми азкорбоздории муваққатӣ ё консерватсия гузаронида шавад (замимаи 3).
8. Асосноккунии техникӣ ва иқтисодии лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии силсилаи 5 ва 6 корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тавассути ҷалби қарзҳои тиҷоратии хориҷӣ бидуни пешниҳоди кафолати давлатӣ аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва бонкҳои тиҷоратии хориҷӣ барои афзун намудани истеҳсоли алюминийи аввалия дар корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" маъқул дониста шавад (замимаи 4).
9. Баландшавии ҳарсолаи тарифи неруи барқ, ки ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "ТАЛКО Индастрис" аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" харидорӣ менамоянд, аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани иқтидорҳои аз лиҳози техникӣ бозтаҷҳизонида ва навсозишудаи алюминий дар муддати солҳои 2019-2029 ба андозаи на бештар аз 6% солона тасдиқ карда шавад
10. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолӣ ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 июли соли 2019 № 374
ш.Душанбе
Замимаҳои 1-4
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 ноябри соли 2019:
- корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" бо 100% саҳми давлат табдил дода шавад;
- корхонаи фаръии давлатии "Алюминсохтмон" ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Алюминсохтмон" бо 100% саҳми ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" табдил дода шавад;
- дар заминаи маркази савдои "Металлург", муҷтамаи меҳмонхонаи "Ширкент", истироҳатгоҳҳои "Куран", "Қаратоғ", маркази солимгардонии "Ширкент", "Маркази ҷавонон", ширхоргоҳҳои №9, 10, 11, 12, 14, 16 ва дегхонаи истеҳсолию гармидиҳӣ шахсони ҳуқуқии дахлдор бо 100% саҳми ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ташкил карда шаванд.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии табдилдиҳӣ ва таъсиси шахсони ҳуқуқии дар банди 1 қарори мазкур пешбинишударо ҳал карда, лоиҳаи санадҳои меъёрин ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
3. Нақшаи чорабишҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" барои солҳои 2019-2024 тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
4. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 42 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"42. Таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик".
5. Номгӯйи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнавтаҷҳизонӣ ва навсозии корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд (замимаи 2).
6. Ба ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" иҷозат дода шавад, ки фурӯши филизпораҳои сиёҳро бо нархи мувофиқашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба роҳ монад. Маблағҳои бадастомада аз фурӯши филизпораҳо, ки ба ҳисоби ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ворид мегарданд, барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ ва фаъолияти амалиётии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" истифода бурда шаванд.
7. Аз 1 феврали соли 2019 то 31 декабри соли 2024 воситаҳои асосии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тибқи замима ба низоми азкорбоздории муваққатӣ ё консерватсия гузаронида шавад (замимаи 3).
8. Асосноккунии техникӣ ва иқтисодии лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии силсилаи 5 ва 6 корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" тавассути ҷалби қарзҳои тиҷоратии хориҷӣ бидуни пешниҳоди кафолати давлатӣ аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва бонкҳои тиҷоратии хориҷӣ барои афзун намудани истеҳсоли алюминийи аввалия дар корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" маъқул дониста шавад (замимаи 4).
9. Баландшавии ҳарсолаи тарифи неруи барқ, ки ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" харидорӣ менамояд, аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани иқтидорҳои аз лиҳози техникӣ бозтаҷҳизонида ва навсозишудаи алюминий дар муддати солҳои 2019-2029 ба андозаи на бештар аз 6% солона тасдиқ карда шавад.