Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 310
тасдиқ шудаанд
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 310
тасдиқ шудаанд
Қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ
Фасли 1. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи моддаи 59 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
2. Барои мақсадҳои Қоидаҳои мазкур истилоҳоти асосии зерин истифода мешаванд:
- мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (минбаъд МНХ) - таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) силсилаи компютерҳои бонкӣ барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фӯруши мол ва хизматрасонӣ мебошанд, ки қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарсменагӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамоянд;
- хисоббаробаркуниҳо бо пули нақд - ҳисоббаробаркуниҳое, ки бо истифодаи воситаҳои пули нақд (сомонӣ) ҳангоми хариди мол ва хизматрасонӣ анҷом дода мешаванд;
- хотираи фискалӣ - маҷмӯи воситаҳои барномавӣ-асбобӣ дар таркиби мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ, ки қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарсменагӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотҳои ҷамъбастиро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамояд;
- низоми фискалӣ - низоми амали мошини назоратӣ - хазинавӣ, ки қайди маълумоти фискалиро дар хотираи фискалӣ таъмин менамояд;
- маълумоти фискалӣ - иттилоот оид ба ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд мебошад, ки дар лентаи назоратӣ ва дар хотираи фискалӣ қайд мешавад;
...