Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 № 282 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба замимаи 1 "Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529 "Дар бораи таъсис додани Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар номи боби 3 ва банди 7 пас аз калимаҳои "РАИС," ва "раис" мувофиқан калимаҳои "МУОВИНИ ЯКУМИ РАИС," ва "муовини якуми раис," илова карда шаванд;

- банди 8(1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"8.(1) Дар ҳолати набудани раиси кумита (рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва сафари хизматӣ), муовини якуми он дорои ваколатҳои пешбининамудаи банди 8 низомнома мебошад. Дар ҳолати набудани раиси кумита ва муовини якуми ӯ ваколатҳои пешбининамудаи банди 8 низомнома, ба истиснои ваколатҳои дар сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум нишондодашуда, ба муовини раиси кумита вогузор карда мешаванд.".

2. Замимаи 2 "Ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, № 529 "Дар бораи таъсис додани Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 24 декабря 2016 года, №529

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах"Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в приложение 1 "Положение о Координационном комитете по упрощению процедур торговли", утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 декабря 2016 года, №529 "О создании Координационного комитета по упрощению процедур торговли", следующие изменение и дополнения:

- название главы 3 и пункт 7 после слова "ПРЕДСЕДАТЕЛЯ,"и "председатель," соответственно дополнить словами "ПЕРВОГО ЗАМЕСТИТЕЛЯ ПРЕДСЕДАТЕЛЯ," и "первый заместитель председателя,";

- пункт 8(1) изложить в следующей редакции:

"8(1) В случае отсутствия председателя комитета (трудовой отпуск, болезнь и служебная командировка), его первый заместитель обладает полномочиями, предусмотренными пунктом 8 настоящего положения. В случае отсутствия председателя комитета и его первого заместителя, полномочия, предусмотренные пунктом 8 настоящего положения, за исключением полномочий, указанных в шестом, седьмом и восьмом абзацах, возлагаются на заместителя председателя комитета.".

2. Приложение 2 "Состав Координационного комитета по упрощению процедур торговли,, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 декабря 2016 года, №529, "О Координационном комитете по упрощению процедур торговли" утвердить в новой редакции (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон 

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон 

г. Душанбе,

от 10 июня 2019 года, №282

г. Душанбе,

от 10 июня 2019 года, №282

...