Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо аз 24 декабри соли 2016 № 529

Санаи амалкуни: 31.10.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2016, № 529

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2016, № 529

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 113, аз 10.06.2019 № 282)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2018 № 113, аз 10.06.2019 № 282)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо (минбаъд - Кумита) комиссияи байниидоравӣ буда, фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мусоидат ба соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ, инчунин ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи мазкур равона шудааст.

2. Кумита аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳое, ки дар танзим ва назорати амалиётҳои савдои хориҷӣ иштирок менамоянд, инчунин корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти онҳо ба татбиқи савдои хориҷӣ на таъмини хизматрасониҳои марбут дар соҳаи мазкур алоқаманданд, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (минбаъд - вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо) ташкил карда мешавад.

3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эьтирофнамудаи Тоҷикистон, ннчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

4. Вазифаҳои асосии Кумита иборатанд аз:

...

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 24 декабря 2016 года, №529

Приложение 1

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 24 декабря 2016 года, №529

ПОЛОЖЕНИЕ о Координационном комитете по упрощению процедур торговли

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2018г.№113, от 10.06.2019г.№282)

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2018г.№113, от 10.06.2019г.№282)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Координационный комитет по упрощению процедур торговли (далее-Комитет) является межведомственной комиссией, деятельность которой направлена на координацию деятельности по содействию упрощению, гармонизации и стандартизации внешнеторговых процедур и внешнеторговых перевозок, а также согласование интересов государства и частного сектора в данной сфере.

2. Комитет формируется из числа представителей министерств и ведомств, участвующих в регулировании и надзоре внешнеторговых операций, а также предприятий и организации, независимо от форм собственности, деятельность которых связана с осуществлением внешней торговли н предоставлением сопутствующих услуг в данной сфере, включая общественные объединения (далее-министерства и ведомства, предприятия и организации).

3. Комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также настоящим Положением.

2. ЦЕЛЬ И ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ КОМИТЕТА

4. Основными задачами Комитета являются:

...