Низомномаи Парки табиии миллии "Яғноб" аз 2 майи соли 2019 № 227

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" майи соли 2019 № 227

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" майи соли 2019 № 227

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи Парки табиии миллии "Яғноб"

1. Муқаррароти умумӣ

 

1. Парки табиии миллии "Яғноб" (минбаъд - Парк) мувофиқи  моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" бо мақсади тавқияти ҳифзу нигоҳдории комплексҳои ландшафтҳои пурбаҳо, намудҳои нодиру нобудшавандаи олами наботот ва ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, инчунин ба роҳ мондани истифодабарии устувори захираҳои табиӣ ташкил карда шудааст.

2. Парк дар қисмати ғарбию шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

3. Ҳудуди Парк бо тамоми объектҳои табиии дар он воқеъбуда фонди заминҳои таъиноти ҳифзи табиатро ташкил медиҳад ва истифодабарии захираҳои табиии он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

4. Парк моликияти давлатӣ буда, тобеи муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Ҳудуди Парк тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

6. Кормандони хадамоти муҳофизатии Парк дар як вақт тибқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" нозирони давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳуқуқҳо ва имтиёзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои онҳо пешбинӣ намудааст, истифода мебаранд.

...

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2019 года, №227

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2019 года, №227

ПОЛОЖЕНИЕ о Национальном природном парке "Ягноб"

1. Общие положения

1. Национальный природный парк "Ягноб" (далее - Парк) организован в соответствии со статьей 27 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" в целях усиления охраны и сохранения ценных ландшафтных комплексов, редких и исчезающих видов флоры и фауны, памятников природы, культуры и истории, проведения научно-исследовательских исследований возрождения народных традиций, создания благоприятных условий для развития туризма, а также устойчивого природопользования.

2. Парк расположен в северо-западной части Республики Таджикистан, на территории Айнинского района Согдийской области.

3. Территория Парка со всеми находящимися на ней природными объектами составляет земельный фонд природоохранного назначения, и использование его природных ресурсов осуществляется в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях" и Земельного кодекса Республики Таджикистан, а также настоящего Положения.

4. Парк является государственной собственностью и находится в ведении государственного учреждения особо охраняемых природных территорий Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Границы Парка определены в соответствии с требованиями Земельного кодекса Республики Таджикистан.

6. Работники охранной службы Парка в соответствии со статьей 49 Закона Республики Таджикистан "Об особо охраняемых природных территориях", одновременно являются государственными инспекторами и пользуются предусмотренными для них правами и льготами законодательством Республики Таджикистан в области особо охраняемых природных территорий.

7. Парк при осуществлении своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, иными нормативными правовыми актами, а также настоящим Положением.

2. Задачи парка

...