Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009, № 106
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 5 замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009, № 106 "Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5. Директори идоракунандаи Корхона раиси Шӯрои нозирон буда наметавонад.".
2. Замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009, № 106 "Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 ноябри соли 2018 № 576
ш.Душанбе
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" декабри соли 2018, № 576
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатин "Ширкати Алюминийи Тоҷик"
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯрои нозирон.
Аъзои Шӯрои нозирон:
муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон; муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон;
директори идоракунандаи корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик";
директор оид ба тиҷорат ва молияи корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик";
директори ҳифзи меҳнат, экология ва сифати корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик";
директори истеҳсолоти электролизи корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик";
директор оид ба иқтисод ва ҳайати кормандони корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик".