Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 № 369 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 369"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 369

 

Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"41) Сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъдани конҳои флюорити "Қазноқ"-и ноҳияи Айнӣ ва волфрами "Майхура"-и ноҳияи Варзоб аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Талко Флюорит".".

2. Номгӯйҳои таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоте, ки аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Талко Флюорит" барои сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъдани конҳои флюорити "Қазноқ"-и ноҳияи Айнӣ ва волфрами "Майхура"-и ноҳияи Варзоб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати молҳои барои объектҳои махсусан муҳим воридшавандаро таъмин намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 октябри соли 2018 № 530

ш.Душанбе

 

Замима

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369

В соответствии со статьей 169 Налогового кодекса Республики Таджикистан, статьей 345 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Дополнить пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369 "Об особо важных объектах" подпунктом 41 следующего содержания:

"41) Строительство предприятий по добыче и переработке руд месторождений флюорита "Казнок" Айнинского района и вольфрама "Майхура" Варзобского района обществом с ограниченной ответственностью "Талко Флюорит".".

2. Утвердить перечни производственно-технологического оборудования и продукции, ввозимых в Республику Таджикистан обществом с ограниченной ответственностью "Талко Флюорит" для строительства предприятий по добыче и переработке руд месторождений флюорита "Казнок" Айнинского района и вольфрама "Майхура" Варзобского района, освобождаемых от уплаты налога на добавленную стоимость и таможенной пошлины (приложения 1 и 2).

3. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить таможенное оформление и контроль товаров, ввозимых для строительства особо важных объектов.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 октября 2018 года, №530

* Перечень