Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 308, аз 30.04.2021 № 177, аз 02.09.2021 № 369)
Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербандҳои 38 ва 39 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"38) Сохтмони муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 630 хонанда дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд;
39) Сохтмони маҷмааи тандурустӣ барои 200 кат дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон.".
2. Номгӯй ва миқдори масолеҳ ва таҷҳизоти сохтмонии аз ҷониби Ҷумҳурии ӯзбекистон (пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонӣ аз ин кишвар) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
3. Номгӯй ва миқдори техника ва таҷҳизоти аз ҷониби Ҷумҳурии ӯзбекистон (пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонӣ аз ин кишвар) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ воридшаванда, ки аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
4. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати молҳои барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим воридшавандаро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 сентябри соли 2018 № 481
ш.Душанбе
Замима 1
Замима 2
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 308, аз 30.04.2021 № 177)