Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 № 457 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентии обуҳавошиносӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 360 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархатҳои шасту чорум ва шасту панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- Стансияи ҳавосанҷии "Канаск";

- Стансияи ҳавосанҷии "Оббурдон"";

- сархати яксаду шасту панҷум хориҷ карда шавад.

2. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории стансияҳои ҳавосанҷии "Канаск" ва "Оббурдон"-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинигардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳо таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

...

аз 31 августи соли 2018 № 457

ш.Душанбе