Низомномаи Агентии обуҳавошиносӣ аз 30 майи соли 2015 № 360

Санаи амалкуни: 29.05.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии обуҳавошиносӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457,  аз 1.11.2018 № 533, аз 29.07.2022 № 366, аз 29.05.2023 № 222)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457,  аз 1.11.2018 № 533, аз 29.07.2022 № 366, аз 29.05.2023 № 222)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Агентии обуҳавошиносӣ (минбаъд - Агентӣ) мақоми ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ, назорат ва мониторинги ифлосшавии муҳити зист, таъсиррасонии фаъол ба ҷараёни метеорологӣ ва дигар ҷараёнҳои геофизикиро дар соҳаи обуҳавошиносӣ амалӣ менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366).

3. Агентӣ ба Сохтори идоракунии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. ВАКОЛАТҲО

...

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2015 года, № 360

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2015 года, № 360

ПОЛОЖЕНИЕ об Агентстве по гидрометеорологии

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.08.2018г.№457, от 01.11.2018г.№533, от 29.07.2022 №366, от 29.05.2023 №222)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.08.2018г.№457, от 01.11.2018г.№533, от 29.07.2022 №366, от 29.05.2023 №222)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Агентство по гидрометеорологии (далее - Агентство) является органом государственной власти, осуществляющим реализацию единой государственной политики, контроль и мониторинг загрязнения окружающей среды, активного воздействия на метеорологические и другие геофизические процессы в области гидрометеорологии.

2. Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан постановлениями Маджлиси миллй и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан и настоящим Положением.

3. Агентство входит в Структуру управления Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и осуществляет свою деятельность в сотрудничестве с другими государственными органами, местными исполнительными органами государственной власти, научно - исследовательскими учреждениями, учреждениями высшего профессионального образования, общественными организациями и другими ведомствами и организациями.

2. ПОЛНОМОЧИЯ

4. Агентство имеет следующие полномочия:

...