Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи 5 "Меъёрҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳо аз нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар сатри 1.2 пас аз калимаҳои "воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ" калимаҳо ва аломатҳои "(ба истиснои воситаҳои нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии ӯзбекистон)" илова карда шаванд;
- банди 4 эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Аз воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав ва автобусҳои Ҷумҳурии ӯзбекистон барои ворид шудан ва гузариши транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида намешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 августи соли 2018 № 407
ш.Душанбе
...