Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 124
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар сатрҳои 17 ва 26 ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2014, № 124 "Дар бораи тасдиқи ҳайати ҳамраисони қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муовини Вазири" ба калимаи "Вазири" ва калимаҳои "Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо" ба калимаҳои "Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ" иваз карда шаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида тарафҳои манфиатдорро аз қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 апрели соли 2018 № 172
ш.Душанбе