Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" ноябри соли 2017, № 547
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" ноябри соли 2017, № 547
Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 570)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 570)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идоракунии молу мулки давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд, маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дагар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.
2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ", "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Кумита фаъолияти худро бевосита ё тавассути мақомоти ҳудудии (минтақавии) худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА
4. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар давраи осоишта ва замони ҷанг;
...