ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 122; с. 2007, № 3, мод. 159; с. 2010, № 12, қ. 1 мод. 807)
(Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 227, аз 29.12.2010 № 645, аз 2.01.2019 № 1566)
Қонуни мазкур асосҳои умумии ташкилию ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти наҷотдиҳондагонро муқаррар месозад, асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ (минбаъд - ҳолатҳои фавқулодда) иштирок мекунанд, танзим менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ - маҷмӯи мақомоти идора ва қувваю воситаҳоест, ки баҳри ҳалли масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, тибқи вазифа дар низоми ягона муттаҳид карда шудаанд, ки асоси онро сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ташкил медиҳанд. Сохтори садамавию наҷотдиҳӣ - сохтори мустақил, ё як ҷузъи ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ буда, барои анҷом додани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъин гардидааст. Асоси онро наҷотдиҳандагони бо техникаи махсус, таҷҳизот, асбобу анҷом ва мавод ҷиҳозонидашуда ташкил медиҳанд.
Наҷотдиҳанда - шахсе, ки аз аттестатсия гузашта, барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ омода аст.
Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ - амалиёт барои наҷоти одамон, арзишҳои моддию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда, маҳдуд намудан ва ё то ҳадди имкон кам кардани сатҳи таъсири омилҳои хатарноки ба онҳо хос мебошанд. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дорои омилҳое мебошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шахсони ба ин кор мутасаддӣ таҳдид намуда, омодагии зарурӣ, либосу анҷом ва таҷҳизоти махсусро талаб мекунанд.
Корҳои таъхирнопазир ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - фаъолиятест, ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар намудҳои ёрӣ ба аҳолии ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда зарардида, фароҳам овардани шароити лозимӣ барои ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва нигоҳ доштани қобилияти кории онҳо.
Вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон - маҷмӯи ҳуқуқу ӯҳдадориҳоест, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва давлат ба наҷотдиҳандагон кафолат додааст. Хусусиятҳои мақоми наҷотдиҳандагон бо назардошти иштироки онҳо дар гузаронидани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдиди онҳо ба ҳаёту саломатии наҷотдиҳандагон муайян мешаванд.
Воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ - маҳсулоти техникӣ, илмию техникӣ ва зеҳнӣ, аз ҷумла, воситаҳои махсуси алоқа ва идоракунӣ, техника, таҷҳизот, асбобу анҷом, амвол, мавод ва воситаҳои методии видеоӣ ва аксҳо оид ба технологияи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, инчунин маводи барномавӣ ва маҷмӯи маълумот барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар воситаҳоест, ки барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ муқаррар гардидаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон
...