Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.01.2025
№ 76)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (№ 76):
1. Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (№ 76).
2. Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои талаботи қарори мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
4. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои вобаста ба иҷрои қарори мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба амал бароварда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 июни соли 2017 № 282
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъул тасдиқ карда шавад (замима мегардад).