Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади рушди соҳаи энергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши коғазҳои қиматноки давлатиро дар шакли векселҳо ба маблағи 530 000 000 (панҷсаду сӣ миллион) сомонӣ ба муҳлати то 5 (панҷ) сол бо меъёри 2 (ду) фоизи солона ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика амалӣ намояд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти заруриро вобаста ба иҷрои қарори мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
3. Механизми муносибатҳои тарафайн вобаста ба истифодаи коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика дар асоси шартномаи тарафайн муайян карда шавад.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527 "Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархати якуми банди 1 қарор рақам ва калимаҳои "3 850 000 000 (се миллиарду ҳаштсаду панҷоҳ миллион)" ба рақам ва калимаҳои "3 320 000 000 (се миллиарду сесаду бист миллион)" иваз карда шаванд;
- аз сархати дуюми банди 1 қарор рақамҳои ", 3, 4" хориҷ карда шаванд;
- дар замимаи 1 қарор дар банди 2 аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта "." иваз карда шуда, бандҳои 3 ва 4 хориҷ карда шаванд;
- замимаҳои 3 ва 4 қарор аз эътибор соқит карда шаванд.
5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2017 № 165
ш.Душанбе