ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 147; с. 1998, №10, мод. 74; с. 2002, №4, қ.1, мод. 179, мод. 188; с. 2007, №6, мод. 434, мод. 437; с. 2012, №7, мод. 722)
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 578, аз 3.05.2002 № 8, аз 3.05.2002 № 11, аз 13.06.2007 № 278, аз 13.06.2007 № 281, аз 03.07.2012 № 872, аз 2.01.2018 № 1499)
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 578, аз 3.05.2002 № 8, аз 3.05.2002 № 11, аз 13.06.2007 № 278, аз 13.06.2007 № 281, аз 03.07.2012 № 872, аз 2.01.2018 № 1499)
Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот танзим мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот
Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машруботи бо қонунгузори муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.
Спирти этили ошоми, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этили, ки аз ашёи хоми хӯроквори истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.
Таҳти муомилоти спирти этили ва машрубот содироту воридот, молрасони, хариду фурӯши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этили) фаҳмида мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
(2.01.2018 № 1499)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
...